АҲАММИЯТИ КИТОБУ КИТОБХОНӢ БАРОИ КӮДАКОН ВА НАВҶАВОНОН

Дар мавриди фоидаҳо ва бартарии китоб хондан бисёр хондаему шунидаем, вале ба назар мерасад таъсири шигифтангези китоб ба кӯдакону навҷавонон ба қадри кофӣ баррасӣ нашудааст. Даврони кӯдакӣ даврони кашфи ҷаҳон аст; даврони рушд кардану дидану шунидану ёд гирифтану ҷамъ кардан. Зеҳни кӯдак амалкарди ҳайратангезе дорад ва ҳанӯз бо қонунҳо ва қоидаҳои дунёи бузургсолӣ маҳдуд нашудааст. Дар ин шароит додани болҳое барои парвоз метавонад барои ҳар кӯдаке ояндаи дурахшон бисозад.

Шаке нест, ки китобҳо беҳтарин болҳои парвозанд. Кӯдак бо китобҳо ба дунёҳои мухталиф сафар мекунад, қисса мешунавад ва хаёлпардозиро ёд мегирад. Ҳар китоб сафаре аст бе назир, ки ба кӯдак ёд медиҳад чӣ тавр зиндагӣ кунад ва чӣ тавр зеҳнашро ба суроғи дуртарин хаёлҳо равон созад.

Навҷавонҳо ҳам бо зеҳни пуршӯр ва ҷустуҷӯгарашон ташнаи кашфиёт буда, ҷаҳонро бо нигоҳи ҷасуру шуҷоъи худашон мебинанд. Китоб барои онҳо пуле ба дунёҳои мухталиф, ба кишварҳои рангоранг, шаҳрҳои дур, замонҳои гузашта ва оянда метавонад бошад…

Китоб хондан дар ҳар даврае аз зиндагӣ метавонад наҷотбахш бошад, вале дар даврони кӯдакӣ ва навҷавонӣ гоме бузург аст барои беҳтар зистан…

Китоб хондан чӣ тавр ба кӯдакон ва навҷавонон кумак мекунад?

Тақвияти халлоқият

Китоб ба кӯдак ва навҷавон нишон медиҳад дунёҳои дигаре ҳам ҳаст ва зеҳн метавонад гӯшаҳои номумкинро ҳам кашф кунад. Китоб хондан кӯдак ва навҷавонро ташвиқ мекунад то мутафовит ва ба шакли худаш фикр кунад. Инчунин мутолиа ба онҳо эътимод мебахшад, ки ғоя ё идея пайдо кунанд. Ҳар китоб ғояҳои хурде дар дилаш дорад, ки кӯдаку навҷавонро барои ба чизҳои номумкин андешидан ва руъё доштан тарғиб мекунад.

Беҳбуди захираи луғавӣ ва маҳорати баёнӣ

Китоб хондан аз солҳои аввали зиндагӣ ва дар даврони навҷавонӣ боис мешавад кӯдак бо луғати бештаре ошно шавад ва баъдҳо қудрати баёни беҳтаре дошта бошад. Захираи луғавии мо маҳдуд аст ва китобҳо ба кӯдаку навҷавон кумак мекунанд вожаҳои бештареро барои худашон захира кунанд.

Афзоиши қудрати ҳамдилӣ

Китобҳо ровии зиндагиҳои гуногун ҳастанд ва ба кӯдаку навҷавон нишон медиҳанд одамҳо дар гӯшаҳои мухталифи дунё чӣ шакле зиндагӣ мекунанд ва чӣ дағдағаҳову мушкилоте доранд. Кӯдакону навҷавонон бо хондани китоб ёд мегиранд дигаронро дарк кунанд ва ба ранҷҳояшон эҳтиром бигзоранд.

Боло бурдани эътимод ба худ

Кӯдакону навҷавонон дар дунёи китобҳо мефаҳманд, ки одамони гуногун дар саросари ҷаҳон бо нигарониҳое дасту панҷа нарм мекунанд ва барои расидан ба орзуҳои худ мубориза мебаранд. Китобхонӣ ба кӯдакон нишон медиҳад, ки ҳама одамон дар зиндагӣ доғҳои равшану торике доранд ва набояд бо кӯчактарин мушкил дар бораи худ тасаввури баде пайдо кунанд.

Тақвияти тамаркуз ва таваҷҷуҳ

Яке аз мушкилоти маъмул дар байни кӯдакон ва наврасон ин норасоии таваҷҷӯҳ аст. Дар ҷаҳоне, ки мо дар зери “тир”-ҳои шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтаем ва бо иттилооти кӯтоҳу парокандае “бомбаборон” мешавем, муддате дар як гӯшае, агарчи андаке бошад ҳам, бо достони як китоб ҳамроҳ шудан ба кӯдакону наврасон кумак мекунад, ки қудрати таваҷҷуҳашонро муҳофизат кунанд.

Ангезабахшӣ

Мутолиаи китоб ба кӯдакону наврасон хотиррасон мекунад, ки ҳатто муваффақтарин афроди дунё шикастро дар зиндагии худ чашидаанд ва борҳо бо нокомӣ дасту панҷа нарм кардаанд. Ҳар китобе чеҳрае аз зиндагӣ аст ва кӯдак бо тамошои чеҳраҳои гуногуни зиндагӣ ёд мегирад ҷасур бошад ва аз шикаст натарсад.

Мустаҳкам кардани маҳоратҳои иртиботӣ

Фоидаи дигари мутолиаи китоб барои кӯдакон ва наврасон дар он аст, ки барои иртиботи онҳо кумак мекунад. Бачаҳо дар олами китоб иртиботи байни одамон ва ҳайвонотро мушоҳида карда, усули асосии дӯстиро меомӯзанд. Ташкили иртиботи дуруст метавонад барои ҳар кӯдак ва наврасе як маҳорати хеле арзишманд ва кумаккунанда бошад. Мо ба дӯстӣ ниёз дорем ва дар дӯстиҳо зиндагиро ёд мегирем.

Беҳбуди иртибот бо волидайн

Китоб хондан ба кӯдакон ва навҷавонон кумак мекунад, ки андешаҳои гуногунро бишнаванд ва малакаҳои беҳтари баёни ақида ва қабули онро ёд бигиранд. Ба ин васила мутолиаи китоб ба волидайн фурсат медиҳад то бо фарзандони худ сӯҳбат кунанд ва аз ташвишу нигарониҳои онҳо огоҳ шаванд.

Охирсухан

Ва дар охир фаромӯш накунед, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба кӯдаки шумо мисли худатон таъсиргузор нест. Кӯдакон бештар аз ин ки бишнаванд, мебинанд ва такрор мекунанд. Беҳтарин роҳ барои ин ки як кӯдак ё навҷавонро ба китоб алоқаманд кунед, ин аст, ки худатон ҳам китобхон бошед. Илова бар ин, интихоби китоб барои кӯдак аҳамияти бисёре дорад. Кӯшиш кунед, ки дар ин замина интихоби хубе кунед ва пас аз мутолиа бо фарзандатон дар бораи китоби хондааш ва эҳсосоте, ки ҳангоми хондани он аз сар гузаронидааст, суҳбат кунед.

Таҳияи
Муҳаммад Назар,
Исматуллоҳи Абдуллоҳ

Прокрутить вверх