100 инсони бузургтарин. Ирина Семашко, Сергей Мусский

Муаллифон: Ирина Семашко, Сергей Мусский

Бахш: Адабиёти ҷаҳон

Ношир: Шарқи озод

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2010

Саҳифа: 441

Андоза: 9 МБ

Тарҷумон: Қурбон Мадалиев


Аввалин китоб бо унвони «100 инсони бузургтарин» аз тариқи нашриёти «Вече» соли 1998 ба табъ расида буд, ки ба қалами нависандаи америкоӣ М.X.Харт тааллук, дошт. Муаллиф ба муҳокимаи хонандагон назарияи бисёр ҳам баҳсталаб-назарияи таъсирро пешниҳод кард. Қисми зиёди китобро Харт ба андешаҳои худ оид ба ин ё он шахсияти таърихӣ бахшида, дар бораи фаъолияти онҳо камтар сухан рондааст.

Асари С. А. Мусский «100 инсони бузургтарин» («Вече», 2006), ки мо аз он ба муштариён намунаҳо пешниҳод месозем, нисбатан иттилооти бештар дорад ва ҳам холисона аст. Ҳайати қахрамонҳо аз нисф зиёд тағйир ёфтааст. Шахсиятҳои аз ҳама бузург, чеҳраҳои шинохтаи оламшумули ҳамаи соҳаҳои асосии ҳаёти одами дар ин китоб гирд омадаанд. Муаллиф асарашро ба бобҳои «Ходимони дин», «Мутафаккирон», «Сиёсатмадорон», «Лашкаркашон», «Олимон», «Устодони санъат», «Ихтироъкорон», «Сайёҳон» ва «Варзишгарон» тақсим намуда, аз ҷумла дар бораи паёмбари ислом Муҳаммад (с), Пифагор, Аристотел, Пётри Кабир, Маҳатма Ганди, Ленин, Сталин, Искандари Мақдунӣ, Коперник, Дарвин, Менделеев, Бах, Чайковский, Архимед, Колумб, Пеле, Муҳаммад Алӣ ва дигарон маълумоти мушаххас додааст.

Мутаассифона, дар китоб мутафаккири барҷаста энсиклопедист, табиби оламшумул, муаллифи «Ал-Қонун» Абӯалӣ ибни Сино ҷойи худро наёфтааст. Ҳол он ки ӯ яке аз нафарони арзандатарин аст ба ин гуна китобҳо. Шояд ба ин чаҳорчӯбаи рақами 100 монеъ шуда бошад. Зеро Ломоносов, Лютер Кинг, Планк, Борн, Эдисон, Марко Поло ва даҳҳо нафари дигар низ берун аз рақами 100 мондаанд. Вале ин қимати маҷмӯаро кам накардааст, ба хонандаи имрӯза иттилооти фаровон медиҳад оид ба ҳар нафари 100-гона. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки намунае чанд аз чеҳраҳои ин китобро дар тарҷума пешкаши хонандагони гиромӣ гардонем.


Калидвожаҳо: Китоби 100 инсони бузургтарин, И. Семашко, С. Мусский, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)