101 ҳадиси набавӣ (бо шарҳу басти манзум) ва таълиқот. Муҳаммадӣ Навид

Муаллиф: Муҳаммадӣ Навид

Бахш: Исломӣ

Ношир: Паёми ошно

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2009

Саҳифа: 183

Андоза: 1 МБ

Саду як ҳадиси набавӣ (бо шарҳу басти манзум) ва таълиқот


Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

Пешгуфтор

Чун нек дидам корвони умр аз нима бештари марҳилаи зиндагиро паймуда буд ва ба гӯши ҷонам ҳар лаҳза бонги раҳил ва нидои алвидоъ ва алфироқ мераснд. Ба худ андешидам, дар ин роҳи мушкил чӣ тӯшае ҳамроҳ дорам ва чӣ бизоате бо худ, то дархӯри пешкаш ба даргоҳи бениёзи он Худованди банданавоз бошад. Дар тоату бандагӣ аз худ он дидам, ки боиси шармандагӣ буд ва аз гуфтору кирдори нек он андоза, ки мояи сарафкандагӣ.

Вале чун ба дил назар кардам моломолаш аз имону бовар ва саршораш аз муҳаббату ихлос ёфтам, ки миннат мар Худойрост. Ва он чи дар назму тарҷумаи аҳодиси набавӣ аз дилам ҷушиду аз забона таровид ва чун ҳарф рӯи сафҳа чакид, меваи он дарахтест, ки номаш ҳам имон ва ҳам иҳсон ва ҳам муҳаббату ихлос аст ва ин ҳам аз бахшоиши Ӯ таъолост. Пас сипосу ситоиш мар Худованди бахшандаро, ки тавфиқам дод, то бадин васила суханони гуҳарбори Паёмбари акрамро баъди тарҷума дар чаҳор мисраъ шарҳу тафсир карда бошам. Аз ин рӯ хонандаи гиромӣ набояд дар ману гуфтори ман нигарад ва чун тарҷума аз ман аст, шояд чизаке набошад, вале бояд бингарад, ки аз кӣ гуфтам. Дар ин ҳангом маълумаш мегардад, ки ин гуфтаҳо волотару болотар аз дурру гавҳаранд, чунки суханони поки Паёмбаранд (с). Аз аҳодис онро баргузидам, ки бо санади саҳеҳ дар яке аз «Сиҳоҳи ситта» бо исми ровиён то мо расида ва ҳамзамон дархӯри ин замона ва оммулманфиатанд, бо овардани рақами аҳодис. Асосан аз «Мухтасари Саҳеҳи Бухорӣ» таълифи Имом Зайнуддин Аҳмади Зубайдӣ бо тарҷумаи Абдурраҳим Фирӯзи ҳиравӣ ва «Риёзуссолиҳин» мураттиб Имом Муҳиддин Абузакарийё Яҳё ибни Шарафи Нававӣ истифода кардам.

Зимнан ёдовар мешавам, ки тарҷумаи ин ду китоби мӯътабар аз нуқсон холӣ нест ва дар шарҳи баъзе аз аҳодис номафҳумӣ ва бисёргӯиро дидам ва то ҷое дар тасҳеҳи онҳо кушидам.

Ва чун суханони гавҳарбори Расули акрам (с) ҷавомеъул килам ва саҳли мумтаниъанд, дар ду байт дар баробари тарҷума ба шарҳу басти онҳо низ пардохтам. Маълуми азизон буда бошад, ки назм шарҳу эзоҳ аст на тарҷумаи таҳтуллафз ва ин низ маълум аст, ки аҳодиси Расули акрам (с) тафсири амалии Қуръони кариманд, зеро хулқи Паёмбар (с) Қуръони карим буд. Аз ин рӯ сари онҳо тафаккур ва тааммули ҷиддӣ бояд кард, то ба дарки амиқи онҳо бирасем ва бо корбасти онҳо саъодати дунё ва охират насибамон гардад.

Аммо истинботи аҳкоми шаръӣ аз Қуръон ва аҳодис ба муҷарради қироати ин ду манбаъ душвор аст ва моро чорае нест ба ҷуз ин ки пайравӣ аз муфассирин ва муҷтаҳидини кирому имомони фиқҳ, ба хусус аз мактаби фиқҳии Имоми Аъзам (р) намоем. Зеро онҳо буданд, ки бо тазкияи нафс, тасфияи қалб ва иншироҳи садр расида буданд ва ин аз фазли илоҳист, ки ба ҳар ки хоҳад бидиҳад. Вобаста ба ин асли муҳим дар ин маҷмуа он гуна аҳодисро гирд овардам, ки бо сароҳати лафзу маъно баёнгари усул ва фурӯъи собита, ахбори содиқа, фазоили аъмол ва ахлоқи мусалмонон ва омаи башар буда, ҳама фирақу мазоҳиб рӯи онҳо иттифоқи назар доранд. Дар охири ин китоб таълиқотеро афзудам, аз
маҷмуаи ашъор дар мавзӯъоти гуногун. Бо ин сабаб, ки андактарашон аз он дидам, ки дар китоби алоҳидае нашр амоям ва тарсам аз он буд, ки дар авроқи парешон бидуни нашр талаф ва зоеъ шаванд. Шояд барои хонандаи закӣ ва андешаманд аз фоида холи набошанд. Ҳарончи аз печидагӣ ва норӯшанӣ дар онҳо дарёбанд, ба парешониву ошуфтагии манаш во гузоранд. Аз хонандаи гиромӣ дар ҳоли дарёфти иштибоҳу саҳве чашми гузашту бахшиш ва умеди дуъо дорам.

Бо эҳтиром Муҳаммадии Навид


Калидвожаҳо: Китоби 101 хадиси набави (бо шарху басти манзум) ва таъликот, 101 хадиси набави (бо шарху басти манзум) ва таьликот, 101 хадиси набави (бо шарху басти манзум) ва таликот, Мухаммади Навид, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)