АДАБИЁТИ ДАВРАИ БЕДОРИИ МИЛЛИИ ТОҶИК (Нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри ХХ). Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни бахшҳои факултети филологӣ аз рӯи тахассуси 5120100-филология ва омӯзиши забонҳо (забони тоҷикӣ)
Дар китоби дарсии мазкур оиди вазъи сиёсию иҷтимоӣ, маданию фарҳангии нимаи дуюми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ тоҷик, ҳаёти адабӣ, зиндагӣ ва фаъолияити эҷодии вакилони намоёни адабиёти маорифпарварӣ ва таҷаддудхоҳӣ, омилҳои асосии пайдоиши адабиёти маорифпарварӣ ва таҷаддудхоҳӣ, равия ва услубҳои асосии эҷоди бадеӣ, жанрҳои адабӣ ва махсусиятҳои жанрии осори лирикию эпикии адабиёти ин давр, эҳёи падида ва тамоюлоти тозаву нав дар ҷараёни адабӣ, хусусиятҳои анъанавию навоваронаи адабиёти тоҷик, таҷдиди мазмунӣ, мундариҷавӣ ва шаклию услубии адабиёт, тамоюлоти ғоявӣ ва иҷтимоии адабиёти сифатан нави тоҷик мавриди назар қарор гирифтааст. Дар китоб намунаҳои осори адибони маорифпарвар ва равияи пешқадами адабиёт оварда шуда, баъзан таҳлили муфассали онҳо аз дидгоҳи нав ва дар асоси мафкураи Истиқлоли миллӣ баррасӣ гардидааст. Умед бар он аст, ки китоби мазкур эҳтиёҷи ҳоҷатмандон, хусусан, донишҷӯёнро дар ин самт қонеъ хоҳад гардонид.
Китоб барои муҳаққиқон ва ихлосмандони таърихи адабиёти форсу тоҷик, омӯзгорони адабиёт, донишҷӯёни факултаҳои филологии донишгоҳҳои олӣ ва ҳамаи алоқамандони адабиёт судманд хоҳад буд.
Калидвожаҳо: Китоби Адабиёти давраи бедории миллии точик (Нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри ХХ), Сирочиддин Хучахулов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
