Адабиёти тоҷик. Синфи 10. Мирзо Солеҳов ва дигарон

Китоби дарсӣ барои синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри сеюм бо такмил ва иловаҳо.


Адабиёт вожаи арабӣ буда, решаи он адаб аст, ки ба маънои дониш, маърифат, гуфтору кирдори нек ва хирад далолат мекунад. Адабиёт дар мафҳуми васеи он маҷмӯи осори хаттию шифоҳии қавме, халқе, миллате буда, дар фаҳмиши маҳдуди он инъикоси бадеии ҳаёт аст ва ин тарзи тасвири зиндагӣ ба воситаи образҳо ба тасвир овардани ҳаёт мебошад. Яъне адабиёт дар фаҳмиши истилоҳии он як навъи санъат буда, ба воситаи образҳо тасвир намудани ҳаёт, дунё аст ё инъикоси образноки ҳаёт буда, дар он ҳар ду паҳлуи зиндагӣ-тарафҳои мусбат ва паҳлуҳои манфӣ ба воситаи образҳо, тимсолҳо, намунаҳо тасвир карда мешавад. Ба ин восита падидаҳои манфии ҷомеа маҳкум карда шуда, паҳлуҳои мусбати он тарғибу ташвиқ мегардад. Аз ин рӯ, адабиёт ҳамчун навъи санъат барои рушду нумӯи ҷамъият таъсири ниҳоят қавӣ дорад ва дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба он вобаста аст. Умуман, адабиёт инъикоси воқеият ба воситаи образҳост, ки тавассути каломи манзум (назм) ва мансур (наср) амалӣ мегардад. Адабиёт китоби дарсии ҳаёт аст. Эҷодкори адабиётро адиб меноманд ва адиберо, ки бо каломи манзум – шеър сару кор дорад, эҷод мекунад, шоир ва адиберо, ки осори мансур меофарад, нависанда меноманд.

Ҳадаф аз лафзи «адабиёт», пеш аз ҳама, адабиёти бадеӣ буда, онро дар гузашта каломи бадеъ гуфтаанд. Каломи бадеъ – сухани нав, аҷиб, нодир буда, дар мантиқи одии ифода сухани образнок, тасвири образнок аст. Аз ин рӯ, адабиёти бадеӣ ба инсон сару кор дорад, рӯзгору фаъолияти инсонро меомӯзад. Ба эҳсосоту тафаккури инсон таъсир мерасонад. Ҷаҳонбинӣ, донишу хирад, маърифату тафаккури ӯро такмил медиҳад ва бинобар он адибро муҳандиси рӯҳии инсон низ мегӯянд.

Калимаи «адабиёт» маҳсули миёнаҳои асри ХIХ буда, таърихи зуҳури адабиёт ҳамчун санъати сухан хеле қадим аст. Аз ин рӯ, дар асрҳои миёна ибораҳои улуми адабӣ, улуми адабия, фунуни адабия мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки аз 12 то 22 ҷузъи фунуни адабиро фаро мегиранд. Аз ҷумла: илмҳои луғат, наҳв, сарф, баён, арӯз, қофия, хат, иншо, маонӣ ва ғайра ҷузъҳои онанд.


Калидвожаҳо: Китоби Адабиёти точик. Синфи 10, Мирзо Солехов, Начмиддин Ширинзода, Урватулло Тоиров, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)