Адабиёти тоҷик. Синфи 7. Мирзо Солеҳов ва дигарон

Муаллифон: Мирзо Солеҳов, Наҷмиддин Ширинзода, Урватулло Тоиров

Бахш: Китобҳои дарсӣ / Синфи 7

Барчасп: Адабиёт

Ношир: Маориф

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2018

Саҳифа: 288

Андоза: 2 МБ

Адабиёти тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.


Адабиёт як навъи ҳунар буда, дар тафовут аз меъморӣ, наққошӣ, ҳайкалтарошӣ, кандакорӣ, гулдӯзӣ, рассомӣ, мусиқӣ, театр, кино, рақс ва суруд ҳаёти воқеиро бо сухан тасвир мекунад.

Адабиёт калимаи арабӣ буда, шакли ҷамъи «адаб» аст ва маънои фазилатҳои маънавӣ (одоб, хулқи нек, хушгуфторӣ, хушрафторӣ ва ғайра)-ро дорад.

Адабиёт ба маънои васеъ ва маҳдуд фаҳмида мешавад. Агар адабиёти сиёсӣ, илмӣ ва ғайра дар назар дошта шуда бошад, ин дарки адабиёт ба маънои васеъ аст. Агар адабиёти бадеиро дар назар дошта бошем, маънои маҳдуд ё мушаххасаш он аст, ки маҷмӯи асарҳои бадеиро дар бар мегирад. Адабиёти бадеӣ ҳақиқати ҳаётро ба воситаи тасвири манзара ва нақшҳои бадеӣ дар симои одамон, табиат, шароиту муҳити зист инъикос менамояд.


Калидвожаҳо: Китоби Адабиёти точик. Синфи 7, Мирзо Солехов, Начмиддин Ширинзода, Урватулло Тоиров, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)