
Адабиёти тоҷик. Синфи 8. Китоби дарсӣ барои синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри севум.
Дарсе, ки шумо, шогирдони гиромӣ, ба омӯхтани он оғоз намудед, «Адабиёти тоҷик» ном дорад. Ин мафҳум ба он маънӣ аст, ки адабиёте, ки дар ҷараёни ин дарс бароятон сабақ дода мешавад, аз они тоҷикон буда, аз тарафи онҳо офарида шудааст.
Адабиёти тоҷик аз ҷумлаи қадимтарин адабиёти мардумони рӯйи дунё ба шумор меравад ва таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Рубоии зерини шоири муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ ишора ба ҳамин қадимӣ будани адабиёти тоҷик аст:
Эй Шарқ, ту ибтидои лавҳу қаламӣ,
Дарвозаи офтоби зарриналамӣ.
Албурз, туӣ обидаи Фирдавсӣ,
Ё минбари шеъру шоирони Аҷамӣ.
Вале аз сабаби он ки дар эҷоди ин адабиёт ғайр аз тоҷикони Варозрӯд, ки онро арабҳо «Мовароуннаҳр» низ гуфтаанд, қавмҳои дигари эронӣ дар Хуросон ва Порс саҳм гирифта буданд, устод Садриддин Айнӣ ва тартибдиҳандагону муҳаррирони «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) барои барқарор намудани адолати таърихӣ ва таъкиди муштарак будани он барои қавмҳои эронӣ ба кор бурдани истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик»-ро пешниҳод карданд ва ин истилоҳ пас аз ин дар адабиётшиносии тоҷик, шарқшиносии шӯравӣ ва баъзе аз кишварҳои ғарбӣ ва шарқӣ маъмул гашт.
Калидвожаҳо: Китоби Адабиёти точик. Синфи 8, Абдунаби Сатторзода, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)