
Китоби дарсӣ барои синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри чорум.
ШОГИРДИ АЗИЗ!
Китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, гулбоғи адаб аст. Ба он ворид шав, раста-раста гулгаштҳо ва гулҳои тару тозаро мебинӣ.
Аз растаи гулгаштҳо шитобон магзар, бо андешаву фаросат таваққуф намо, пас по гузор. Ҳаргиз аз ин гулистон дасти холӣ, бе гулдаста набаро! Дастаи гуле барои рӯзгори ояндаат гир! Вай дар шоҳроҳи ҳаёт бароят ҳамчун машъал раҳнамо, рӯҳбардору мададгор хоҳад гашт.
Китобатро хор мадор! Ифлос макун, варақҳояшро надаррон! Зеро вай дӯсти ҷонӣ, дӯсти беминнати туст. Бесабаб нест, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ китобро аз ҳамаи сарвату дороӣ боло гузоштааст. Сухани Ҷомии бузург,ро дар хотир дор ва ҳаргиз фаромӯш накун:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест!
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ
Сад роҳат ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Хонандаи азиз, дар синфи VIII бо ҳаёту зиндагии бузургони адаб устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ ва дигарон шинос шудӣ, асарҳои ҷовидонаи онҳоро омӯхтӣ. Акнун дар синфи IX бо ҳаёту эҷодиёти пурбаракати адибони соҳибистеъдоди асрҳои XIII–XVI шинос мешавӣ.
Осори ҷовидонаи Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ), Хусрави Деҳлавӣ, Сайфи Фарғонӣ, Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Убайди Зоконӣ, Ибни Ямин, Муҳаммад Авфии Бухороӣ, Зиёвуддини Нахшабӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Камолиддини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ бароят дари ганҷинаи маърифатро мекушоянд. Аз ин рӯ, ин ганҷи хирад, ин хазинаи маърифатро дақиқназарона омӯз, то ки дар зиндагӣ мавқеъ ёбӣ, ба халқу ватан содиқона хизмат кунӣ, худшиносу худогоҳ шавӣ ва санъати волои сухангустариро омӯзӣ. Ба ин восита аз рӯзгори аҷдод, орзуву омоли онон беҳтар ва бештар огоҳ гардӣ.
Биёмӯз, то соҳибҳунар шавӣ ва фарзанди арзандаи аҷдоди худ бошӣ!
Калидвожаҳо: Китоби Адабиёти точик. Синфи 9, Суннатулло Далатзода, Туйчи Мирзод, Фарангис Мирзода, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)