Аҳвол ва осори Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р). Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр

Муаллиф: Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр

Бахш: Адабиёти муосир, Исломӣ

Ношир: Мавлавӣ

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2008

Саҳифа: 502

Андоза: 3 МБ

Китобе, ки дар дасти мубораки хонандаи азиз ва пешорӯйи дидагони борикбини аҳли назар қарор гирифтааст, дар таърихи мазҳабшиносии тоҷик падидае дигар буда, дар он ба таври муфассал андешаҳову нигоштаҳои муҳаққиқи исломшинос — Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр (Тӯраев Бурҳониддин Бузургович) оид ба аҳвол ва осори лозаволи яке аз барҷастатарин шахсиятҳои олами Ислом — муассиси мазҳаби муҳаззаби ҳанафия (маъруф ба мазҳаби Имоми Аъзам) инсони комил ва фақеҳи кабиру имоми шаҳир (аз шумори тобиъин), яъне, «Чароғи уммат» — Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) (699 м. – 767 м). рӯи авроқ навишта шуда…

Ҳамчунин, ба ғайр аз бозшинохти аҳвол ва осори Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), дар китоби ҳозир дар бораи таърихи пайдоиши равия, мазҳабҳову фирқаҳо ва тариқаҳову силсилаҳои Ислом ва ба хусус, мазҳаби муҳаззаби ҳанафия, низ маълумоти мукамал дода шудааст.

Китоб ба лутфу табъи мубораки диншиносон (ҳақшиносон), мударрисони мадорис ва донишкадаи исломӣ, устодону донишҷуёни донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвари соҳибистиқлол ва ба ҳамаи он азизоне, ки ба масоили исломшиносӣ, ба хусус, ба омӯзиши фарҳанги тамаддуни исломӣ пажӯҳиш мебаранду барои интишори дини мубини Ислом ва ривоҷу густариши беҳтарин мазҳаби Ислом — мазҳаби муҳаззаби сироҷи умам – мазҳаби Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) (яъне, ҳанафия ки қадимтарин ва беҳтарин мазҳаб буда, аз он бӯи файзи Расулуллоҳ (с) ва асҳоби Расули акрам (с) ба машоми мӯъминон мерасад) дастандаркоранд, пешкаш мегардад.


Калидвожаҳо: Китоби Ахвол ва осори Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа (р), Ахвол ва осори Хазрати Имоми Аьзам Абуханифа (р), Ахвол ва осори Хазрати Имоми Азам Абуханифа (р), Сайид Бурхониддини Бузургмехр, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)