
Китоби дарсӣ барои синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри чорум бо тағйирот ва иловаҳо.
Мо омузиши фанни алгебра ва ибтидои анализро, ки дар синфи 10-ум сар карда будем, давом медиҳем. Мундариҷаи китоб аз доираи барномаи таълими фанни математика (Душанбе: «Душанбе-принт», 2018) васеътар буда, қариб тамоми маводди таълимии мактабҳои тамоюли риёзиро дар бар мегирад. Сохтори китоб бо сохтори китобҳои дарсии синфҳои 7-10-ум, ки дар чанд соли охир чоп шудаанд, якхела аст.
Китоб аз се боб иборат аст. Дар боби 1-ум мафхумҳои нав -функсияи ибтидой ва интеграл, баъзе хосиятҳо ва татбиқи онҳо омӯхта мешавад (Бояд гуфт, ки анализ ба курси математикаи олӣ мансуб аст. Дар муассисаи умуми танҳо элементҳои он омӯхта мешаванд.). Боби 2-юм аз омӯзиши мафҳуми функсияи нишондиҳандагӣ ва хосиятҳои он сар мешавад. Баъд мафхуми нав — логарифм, ки амали баръакси бадарача- бардорӣ аст, оварда мешавад. Хосиятҳои логарифм, тарзҳои ҳал кардани муодилаҳои нишондиҳандагй ва логарифми қисми асосии ин боб мебошанд. Боб бо овардани мафхум дар бораи муодилаҳои дифференсиалӣ ба итмом мерасад.
Ҳалли мисолу масъалаҳои дар ин ду боб овардашуда зарурати истифодаи тамоми паҳлуҳои маводди назариявиро талаб мекунад. Барои ҳамин дар аввал кисми назариявии бандро бодиққат омӯхта, ба саволҳои назоратӣ ҷавоб гардонида, мисолҳои дар он ҳалшударо аз худ карда, сипас ба ҳалли супоришҳо шуруъ кунед.
Калидвожаҳо: Китоби Алгебра. Синфи 11, Боймурод Алиев, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)