Алифбо ва матни ниёгон. Синфи 7. Азим Байзоев, Шаҳбоз Кабиров

Муаллифон: Азим Байзоев, Шаҳбоз Кабиров

Бахш: Китобҳои дарсӣ / Синфи 7

Барчасп: Алифбои ниёгон

Ношир: Маориф

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2018

Саҳифа: 208

Андоза: 3 МБ

Алифбо ва матни ниёгон. Китоби дарсӣ барои синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.


Муқаддима

Шогирдони азиз! Китобе, ки дар даст доред, «Алифбо ва матни ниёгон» номгузорӣ шудааст. Оё медонед, ки барои чӣ онро «Алифбои ниёгон» меноманд? Калимаи «алифбо», ки аз “алиф” ва “бо”, яъне номи ҳарфҳо гирифта шудааст, аз синфи якум барои шумо маълум аст, аммо маънои калимаи «ниёгон»-ро шояд надонед. Асли калима «ниёкон” буда, маънои он «аҷдод», «гузаштагон», «бобоён» аст. Ин алифборо дар байни халқ «алифбои бобоӣ» ҳам меноманд. Бо ин алифбо бобову бобокалонҳои мову шумо дар тӯли асрҳо хондану навиштанро меомӯхтанд ва эҷод мекарданд.

Қайд кардан лозим аст, ки то давраи паҳншавии ислом дар сарзамини мо алифбои аҷдодии мо бо дигар хат, яъне аввал бо хатти мехӣ (давраи Ҳахоманишиён) ва баъдтар бо хатти паҳлавӣ (давраи Сосониён) буд. Лекин дар асри VIII, баробари ҷорӣ шудани дини Ислом дар сарзамини ориёиён-форсизабонон алифбои арабӣ ҷорӣ шуд. Дар он замон ҳатто кӯшишҳое шуд, ки ба ҷойи забони мо забони арабӣ ҷорӣ шавад, аммо ин кор муяссар нашуд, зеро нест кардани забоне, ки бо шири модар, бо аллаи модар дар тору пуди инсон ҷо гирифтааст, кори осон набуд.

Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки аслан алифбои ниёгон алифбои арабӣ буда, бо он «Қуръон»-и шариф ва асарҳои шоирону нависандагон ва олимону бузургони тоҷику форс – Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Ҳофиз, Саъдиву Ҷомӣ, Бедилу Дониш ва дигарон навишта шудаанд. Яъне аз ҳамон замон сар карда то соли 1929 ҳар чизе, ки гузаштагонамон навиштаву эҷод намудаанд, бо ҳамин алифбо буд. Соли 1929 ба ҷойи алифбои мазкур алифбои лотинӣ ва соли 1940 алифбои русӣ (кириллӣ) ҷорӣ гардид, ки то имрӯз мо аз он истифода мекунем.

Ҳамин тариқ, дар давоми зиёда аз 12 аср ниёгонамон бо ин хат осори гаронбаҳое эҷод карда мерос гузоштаанд, ки баҳри бекаронро мемонад. Ҳоло Тоҷикистон давлати мустақилу соҳибистиқлол аст, бо давлатҳои дигар, аз ҷумла, кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги мо, ки хатти арабиасосро истифода мебаранд, муносибатҳои хубу дӯстона дорад. Аз ин кишварҳо китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои гуногун ба мо дастрас мешавад. Ҳамчунин дар Тоҷикистон низ баъзе рӯзномаву маҷалла ва китобҳо бо ин хат нашр мешаванд. Бинобар ин барои аз онҳо истифода бурда тавонистан донистани алифбои ниёгон хеле зарур ва муҳим мебошад.


Калидвожаҳо: Китоби Алифбо ва матни ниёгон. Синфи 7, Азим Байзоев, Шахбоз Кабиров, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)