Алифбои ниёгон ва матн. Синфи 4. Азим Байзоев, Шаҳбоз Кабиров

Муаллифон: Азим Байзоев, Шаҳбоз Кабиров

Бахш: Китобҳои дарсӣ / Синфи 4

Барчасп: Алифбои ниёгон

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2006

Саҳифа: 88

Андоза: 6 МБ

Алифбои ниёгон ва матн. Китоби дарсӣ барои синфи 4


Шогирдони азиз!

Алифбои ниёгон алифбоест, ки зиёда аз ҳазору дусад сол тамоми олимону адибон ва мутафаккирону таърихнависон асарҳои худро бо он эҷод намудаанд. Аммо аз сабаби надонистани алифбои мазкур мо аз он меросу ёдгориҳои фаровону арзишманд истифода бурда наметавонем.

Ин алифбо алифбои расмии бисёр кишварҳои исломӣ мебошад. Дар Тоҷикистони азизи мо низ, ба шарофати соҳибистиқлол шудан ва ба хотири пайвастан ба асли хеш, баъзе рӯзномаву маҷалла ва китобҳо бо он нашр мешаванд.

Бинобар ин, шумо — насли ҷавонро, ки ояндаи кишвар дар дасти шумост, зарур аст, ки ин алифборо аз худ намоед.

Дар назари аввал омӯхтану ёд гирифтани ин алифбо шояд душвор намояд. Лекин агар шумо бодиққат ва бо шавқу ҳавас ба омӯхтани алифбои ниёгон машғул шавед ва супоришҳои устодони худро сари вақт иҷро намоед, онро бе душворӣ аз бар мекунед.

Дар ин роҳ, шогирдони азиз, бароятон хониши аъло орзу мекунем.

Муаллифон


Калидвожаҳо: Китоби Алифбои ниёгон ва матн. Синфи 4, Азим Байзоев, Шахбоз Кабиров, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)