
Китоби дарсӣ барои синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст.
Китобе, ки шумо дар даст доред, давоми китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» барои синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ буда, дар асоси талаботи барномаи таълимӣ барои хонандагони синфи 9 навишта шудааст. Ин китоб ба шумо имкон медиҳад, ки маълумоти ҳуқуқиро аз худ намуда, заминаи дониши назариявии худро доир ба соҳаҳои гуногуни ҳуқуқи даврони муосир васеъ кунед ва такмил диҳед.
Китоб бо дарназардошти муқаррароти қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни муносибатҳои ҷамъиятии кишвар ва бо истифода аз дастовардҳо ва тадқиқоти ҳозиразамони илми ҳуқуқ навишта шудааст. Дар он оид ба соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ, аз ҷумла ҳуқуқи гражданӣ, маъмурӣ, соҳибкорӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, ҷиноятӣ, кишоварзӣ ва ғ., инчунин, доир ба таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумот дода мешавад.
Калидвожаҳо: Китоби Асосхои давлат ва хукуки Чумхурии Точикистон. Синфи 9, Махкам Махмудзода, Махмад Рахимзода, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)