Дар олами рақамҳо
Пешгуфтор
Асрори азалро на ту дониву на ман,
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.
Ҳаст аз паси парда гуфтугӯи ману ту,
Чун парда барафтад на ту мониву на ман.
Хайём
Одамон худро аз даврони қадим зери асрори рақамҳо эҳсос мекарданд ва фаҳмидани сирру асрори рақамҳо барояшон хеле мушкил менамуд. Ба ин восита мехостанд ба моҳияти ҳаёти худ ба хубӣ сарфаҳм раванд, лекин муяссар намегашт.
Олими машҳури Юнон Пифагор таъкид када буд, ки рақамҳо қонуниятҳои худро соҳиб буда, дорои табиат ва қувваи хос низ мебошанд. Рақамҳо одат, майлу рағбат ва ҳатто ҳаракати худро доранд. Онҳо одамонро аз рӯзи таваллуд то вақти фавташон иҳота кардаанд. Бинобарин, одамон мехоҳанд ва ё не, бояд ба қонунияти рақамҳо итоат намоянд.
Дар ҳаёти инсонӣ калима ё иборае, мафҳуме нест, ки таҳти таъсири рақаме набошад.
Моҳияти мавҷудияти нӯҳ рақами асосӣ тамоми сирру асрори табиатро дар худ муҷассам кардааст. Ин нӯҳ рақамро чунин тафсир кардаанд:
1. Рақами 1 – рамзи мақсаднокӣ, фишороварӣ ва таҷовуз кардан аст.
2. Рақами 2 – рамзи дурангӣ, духелагӣ ва мувозинати оламро ифода мекунад.
3. Рақами 3 – рамзи секунҷагӣ ва ноустувории ягонагиро дар байни гузашта, имрӯза ва оянда мефаҳмонад.
4. Рақами 4 – рамзи устуворӣ ва мувозинат мебошад. Чор кунҷи чоркунҷаро ифода мекунад, чор унсури табиатро, ки аз оташ, хок, ҳаво ва об иборат аст, мефаҳмонад.
5. Рақами 5 – рамзи хавфу хатар ва нобоварӣ буда, ҳамзамон рамзи бахту саодат ва пуррагӣ ва хурсандии ҳаёт аст.
6. Рақами 6 – рамзи устуворӣ ва идомаи ҳаёт аст. Ин рақам ба рақамҳои ду ва се тақсим мешавад.
7. Рақами 7 – рамзи сирру асрор, рамзи орифӣ, яъне рамзи донишҳои муаммовӣ мебошад. Ин рақам боз рақами афсонаҳо, гуфтаҳо буда, ҳафт сайёра, ҳафт ранги табиат, ҳафт рӯз ва ҳафт оҳанги мусиқиро ҳам ифода мекунад.
8. Рақами 8 – рамзи устуворӣ аст. Ин рақам ба адади ду тақсим шавад, рақами устувори чор таркиб меёбад, ки ҳар яки чори онҳо боз ба ду тақсим мешавад, ки ифодагари рамзи устувории табиат мебошад. Ин рақам рамзи натанҳо устуворӣ, балки мувафаққият ва таъминоти моддӣ низ ба шумор меравад.
9. Рақами 9 – рамзи калонтарини рақамҳои оддӣ маҳсуб мешавад. Ин рақами шаъну шукӯҳ, шӯҳратовару сарватовар будааст.
Агар хоҳед, ки рақами кодӣ ё рамзии худро муайян кунед, аввал рақами рӯзи таваллудатонро, сипас рақами моҳи таваллудатон ва баъд аз он, рақамҳои соли таваллудатонро ба тариқи зайл навишта ҳаллу фасл намоед, рақами табиии шумо ҳосил хоҳад гашт, намуна: 5. 10. 1959 ба тарзи зерин ҳаллу фасл мешавад: 5+1+0+1+9+5+9 баробари 30 . Боз 3+0 баробари 3 мешавад, маълум шуд, ки рақами рамзии оне, ки 5 октябри соли 1959 таваллуд шудааст рақами 3 аст.
Калидвожаҳо: Китоби Асрори ракамхо, Фарход Исомиддинов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
