
АЗ АРДАШЕР ТО ШЕРИ ПАНҶШЕР (Лаҳзаҳо аз фаъолияти хадамоти иттилоотӣ ва амниятӣ)
Дар ин маҷмӯа мақолаҳое ба нашр расидаанд, ки аз хусуси ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти хадамоти махфӣ дар мулкдории ниёгонамон ва инчунин дар замони ҳозира ҳикоят мекунанд. Мақолаҳо бо забони соддаи оммафаҳм иншо гардида, барои доираи васеи хонандагони мактабҳои миёна. донишҷӯён ва умуман алоқамандону дӯстдорони ин пешаи пурмоҷаро ва ин ҷабҳаи ниҳони рақобати байни давлатҳо пешбинӣ шудаанд.
ОЁ МЕДОНЕД, КИ…
Кабӯтаронро аз қадимулайём то ба имрӯз дар идораҳои ҷосусӣ бо кадом мақсад ва ба чӣ тарз истифода мекарданд?
Ардашери Бобакон қабл аз амалиётҳои низомиаш чӣ гунна иттилоот ҷамъ меовард ва бо истифода аз кадом ҳилла қалъаҳои дастнорасро тасхир мекард?
Дар сохтори давлатдории Сомониён хадамоти махфии онҳо кадом мавқеъро ишғол карда, чӣ гунна нақш мебозид?
Чанд нафар аз шоҳони сомонӣ мавриди террори душманони худ қарор гирифтанд ва чаро қариб ҳама дар айни ҷавонӣ ҷон ба Ҳақ
супориданд?
Чаро Аҳмадшоҳи Масъуд бузургтарин лашкаркаши асри 20 разведкаро наҷотдиҳандаи ҷанг номидааст?
Падари разведкаи ИМА Аллен Даллес дарси ҷосусиро аз кадом шоҳони мо омӯхтааст?
Ю.В. Андропов, Ҳ. Алиев, Э. Шеварднадзе, В. Путин ва Ҷорҷ Буши калониро чӣ умумияте бо ҳам муттаҳид сохтааст?
Бо вуҷуди он, ки аксарияти шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ ва давлатии мавриди террор қароргирифта аз дасти ҷондорон (телохранителҳо) ба қатл расидаанд, чаро ба ин институти давлатдорӣ ҳукуматдорон дар гузашта ва ҳоло низ аҳамияти бузург медиҳанд?
ДӮСТОНИ АЗИЗ, АГАР БА САВОЛҲОИ БОЛО ҶАВОБ ГИРИФТАНӢ БОШЕД, ПАС ШУРУЪ КУНЕД БА МУТОЛИАИ ИН КИТОБЧАЕ, КИ ҲОЛО ДАР ДАСТ ДОРЕД.
Калидвожаҳо: Китоби Аз Ардашер то шери Панчшер, Султон Хамадов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)