
Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ аз бузургтарин шоирон, олимон, файласуфон ва мусиқишиносони тоҷик буда, 7 ноябри соли 1414 дар деҳаи Харҷарди тобеи шаҳри Ҷом таваллуд шудааст. Падараш марди порсо ва донишманду баобрӯ буд. Вай хонаводаашро дар 8-9 солагии Ҷомӣ ба Ҳирот меорад. Ҷомӣ дар он ҷо ба мадрасаи «Низомия» дохил шуда, забони арабӣ, мантиқу баён ва дигар илмҳои замонаашро ба хубӣ аз бар мекунад. Дар синни 22-23 солагияш ба Самарқанд меояд. Дар мадрасаи Улуғбек аз донишмандони маъруф Қозизодаи Румӣ, Улуғбек, Фазлуллоҳи Абӯлайсӣ ва дигарон ҳандасаву (геометрия) табииёт, нуҷуму фиқҳ (ситорашиносиву қонунҳои шариати ислом)-ро омӯхта ба Ҳирот бозмегардад. Ҷомӣ баъди баргаштанаш ба Ҳирот боз се маротиба ба шаҳрҳои Марв, Самарқанд, Тошканд ва ғайра сафар карда, дигар то охири умр дар Ҳирот мемонад.
Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун шоири некбин ва некандеш дар он замонаи тираву тори асри миёна ҳамеша илму донишро тарғиб мекард, ҳамеша пуштибони мардуми оддӣ ва заҳматкаши бечора буд. Дунёдорону соҳибҷоҳони пуртакаббуру сарватманд ва шайхони фиребгарро бад медид. Сурату сирати манфури онҳоро дар асарҳояш фош месохт. Аз назари Ҷомӣ ҳар як насиҳатгӯй бояд нахуст худаш мувофиқи гуфтаҳояш амал кунад, бо корҳои худ ибрати дигарон бошад. Ин навъ мавзӯъҳо тахминан дар ҳудуди панҷоҳ асари баландмазмуну баландғояи ӯ батамом акс ёфтаанд. Машҳуртарин асарҳои Ҷомӣ «Ҳафт авранг» ва «Баҳористон» мебошанд. Ҷомӣ «Баҳористон»-ро муддати якчанд моҳ дар пайравии «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ нигоштааст, ки ҳанӯз ҳам мазмун ва маънии худро гум накардааст.
Инак, гулчине аз «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ба шумо, хонандагони азиз тақдим мегардад.
Калидвожаҳо: Китоби Аз Бахористон, Абдурахмони Чоми, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)