Бадоеъу-л-вақоеъ (Ахтарони Адаб, 33). Зайнуддин Маҳмуди Восифӣ

Муаллиф: Зайнуддин Маҳмуди Восифӣ

Бахш: Адабиёти классикӣ

Барчасп: Ахтарони адаб

Ношир: Адиб

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2017

Саҳифа: 480

Андоза: 2 МБ

Зайнуддин Маҳмуди Восифӣ. Бадоеъу-л-вақоеъ (Ахтарони Адаб, ҷилди 33). Таҳияву тадвини матн аз М. Диловаров. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод.


Зайнуддин Маҳмуд ибни Абдулҷалил, мутахаллис ба Восифӣ соли 1485 дар шаҳри Ҳирот ба дунё омадааст. Волидайн ва хешу ақрабои ӯ, ки мутааллиқ ба табақаи миёнаҳол буданд, қариб ҳама таҳсилкарда ва аз ҷумлаи ашхоси бомаърифати замон маҳсуб мешуданд. Бад-ин восита буд, ки баъзеашон дар хидмати давлат қарор доштанд. Дар шаҳри Ҳирот мадориси муътабаре мавҷуд буданд, ки дар онҳо донишмандони бузурги огоҳ аз улуми ақлию нақлӣ дарс медоданд. Восифӣ дар мадрасаҳои Ҳирот дарс хонда, аз илмҳои гуногун – сарфу наҳви арабӣ ва форсӣ, таърих, мантиқ, маонию баён, арӯзу қофия, риёзиёт, улуми динӣ – фиқҳ, тафсир, ҳадис ва ғайра дониши комил андухта буд. Дар замони Восифӣ яке аз машғулиятҳои дӯстдошта дар миёни аҳли адаби дарбор ва дар доираҳои адабии пешаварон муаммогӯйӣ ва шикофтани (дарёфти рамзу маънии он) он буд. Восифӣ дар синни наврасӣ ин ҳунарро ба хубӣ соҳиб гардид ва ба ҳидояти хеши волидааш Соҳиб Доро, ки бо Алишери Навоӣ ҳамнишин буд, дар шикофтани муаммо аз имтиҳони Навоӣ гузашт. То айёми бистсолагӣ Восифӣ чун донишманди огоҳ аз кулли улуми расмии давр, ҳофизи Қуръон, донандаву муфассири он, воизи хушсалиқа номбурдору машҳур гардид.

Дар ваъз аз шогирдони Ҳусайн Воизи Кошифӣ буд. Устодаш дар муаррифии ӯ мегуфт, ки фарқ миёни ману Восифӣ дар он аст, ки ман овози хуб надорам, вале овози Восифӣ хуб аст.

Восифӣ ба сабаби нооромиҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии давр ба маҳрумият, саргардонӣ, оворагардӣ ва сафарҳо аз як шаҳр ба шаҳри дигар, ба озу ҳасади ҳамкасбони худ дар дарборҳо дучор омада, аз ҳад зиёд ранҷу азоб дидааст. Соли 1510 ба Ҳирот лашкари шоҳ Исмоили Сафавӣ ворид гардид ва дар ин ҷо таассуби шадиди мазҳабӣ байни шиаҳову сунниҳо ба миён омад. Дар ин гирудорҳо Восифӣ ба таъқибу тааддӣ дучор омад ва маҷбур шуд соли 1512 ба Мовароуннаҳр фирор кунад. Баъди ин фирор ӯро имкони дубора ба ватан баргаштан нашуд ва то охири умр дар ғурбат ба сар бурд.

Тақрибан як сол дар Самарқанд зиндагӣ кард, дар маҳфилҳову маҷлисҳои адабӣ ширкат мекард; ҳатто боре барои санҷиши ҳунару лаёқати ӯ дар номанигорӣ ва иншо аҳли маҷлис ӯро имтиҳон ҳам карда буданд. Ӯ бадоҳатан, бе омодагӣ 16 номаву арзадошт навишт ва аҳли маҷлисро дар ҳайрат гузошт ва минбаъд дар Самарқанд шуҳратманд гардид. Баъдан аз Самарқанд ба Бухоро рафт ва аз Бухоро ба Саброн, ба назди Мири Араб сафар кард. Дар ин ҷо муддате зиста, сипас ба Фарғона, Намангону Ахсикат, Шаҳрисабз ва Тошканд рахти сафар баст. Аз Тошканд ба Самарқанд баргашт. Мехост дар ин ҷо оромона зиндагӣ ба сар барад, вале даъвати қатъии ҳокими Шоҳрухия Келдимуҳаммад сабаб шуд, ки маҷбуран ба хидмати дарбори ӯ биравад. Шуҳрати Восифӣ чун шахсияти фарҳангӣ хеле боло рафта буд ва Келдимуҳаммад мехост аз суҳбати ӯ баҳравар гардад.

Зиндагии баъдии Восифӣ дар даргоҳи Келдимуҳаммад аввал дар Шоҳрухия, сипас дар Тошканд ‒ баъди ба ҷойи падар ба тахт нишастани Келдимуҳаммад ‒ ҷараён гирифтааст. Аз сафаҳоти «Бадоеъу-л-вақоеъ» бармеояд, ки Восифӣ то соли 1551 дар қайди ҳаёт будааст. Ба андешаи муҳаққиқи ҳаёт ва эҷодиёти Восифӣ – А. Н. Болдирев вай байни солҳои 1551 – 1566 даргузаштааст.

Мероси расидаи ӯ ҳамин «Бадоеъу-л-вақоеъ» аст, ки дар он осори мансуру манзумаш фароҳам омадаанд. Ба таълифи ин асар вай солҳои 1517 – 1518 шурӯъ кардааст. Асари мазкур шоҳкори насри бадеъ дар адабиёти форс-тоҷик аст. Онро оинаи ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, адабии
охири қарни понздаҳум ва нимаи аввали қарни шонздаҳуми Хуросону Мовароуннаҳр метавон гуфт. «Бадоеъу-л-вақоеъ» аз ҳикоёту қиссаҳо, ёддоштҳо, хотираҳо, нақли рӯйдодҳои таърихӣ, латифаҳои эҷодиёти шифоҳии мардум, намунаи гӯишҳои Ҳирот ва Самарқанду Бухоро ва ғ. таркиб ёфтааст.

Қаҳрамонони ҳикоёту достонҳо шоҳону вазирон, ходимони давлат, сипоҳиён, аҳли фазлу дониш, арбобони дину шариат, қозиҳо, шайхулисломҳо, шоирону орифон, аҳли ҳунар – мусиқидонону навозандагон, ҳофизону машшоқон, раққосон ва намояндагони доираҳои адабии пешаварони кишварҳои номбурда мебошанд.


Калидвожаҳо: Китоби Бадоеъу-л-вакоеъ (Ахтарони Адаб, 33), Бадоеьу-л-вакоеь (Ахтарони Адаб, 33), Бадоеу-л-вакое (Ахтарони Адаб, 33), Зайнуддин Махмуди Восифи, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)