Дастури таълимӣ дар асоси Барномаи Шӯрои Авруосиёгии бухгалтерон ва аудиторони сертификатдор (ШАБАС) мувофиқи талаботи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ — СБҲМ таҳия гардидааст. Дастур барои тайёркунии бухгалтерон ва имтиҳоноти байналхалқии СІPА-ЕN барои бадастории дараҷаи Бухгалтери соҳибкасби байналхалқии дорои сертификат таъйин гардида, инчунин мавриди истифода гардидани он аз ҷониби устодони макотиби олӣ, унвонҷуён, магистрҳо ва донишҷӯён бо мақсади тайёрии касбӣ муфид аст.
Дастур ба матни тарҷумаи расмии СБҲМ соли 2009 бо забони тоҷикӣ ва нишондодҳои методӣ оиди татбиқи СБҲМ, ки аз тарафи Шӯрои Методологӣ оиди баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити назди комиссияи Ҳукуматӣ оид ба татбиқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсин шуда ва бо фармони Вазорати Молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, асоснок карда шудааст.
Калидвожаҳо: Китоби Бахисобгирии молияви, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
