
Аввал ба номи он, ки мубаррост аз макон,
Халлоқи ваҳшу тайру Худованди инсу ҷон.
Он сониъе, ки шоҳиди ӯянд ҳар вуҷуд,
Он қодире, ки дар сифати ӯст ҳар забон.
Пири фалак ҳамеша бувад дар суроги ӯ,
Бар каф гирифтааст асое зи Каҳкашон.
Хуршед ҳамчу зарра зи ҳар равзан уфтад,
То аз кадом хона биёяд аз ӯ нишон.
Баъд аз санову ҳамди Худованди зулҷалол
Миннат ниҳам зи наъти расули Худо ба ҷон.
Пайғамбаре, ки дар шаби меъроч Ҷабрайил
То пойи арш бӯсазанон рафта дар инон.
Бар остини ӯ табақоти замин ғубор,
Як пардае зи пардасарояш нух осмон.
Муҳри нубуввате, ки ба дӯши шарифи ӯст,
Рӯзи ҷазо ба уммати осист пуштбон.
Ёрони ӯ, ки чорсутуни шариъатанд,
Аз ҳар яке бинои хилофат гирифта шон.
Ё раб, ба oурмати хулафову саҳобаҳо
Дорӣ маро зи офати айём дар амон.
Калидвожаҳо: Китоби Бахориёт (барои кудакон ва наврасон), Сайидои Насафи, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)