Биологияи умумӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 10 — уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
Китобе, ки шумо аз он истифода мебаред, «Биологияи умумӣ» ном дошта, маълумоти заруриро доир ба қонунҳои умумии илми ҳаётшиносӣ (биология) дар бар гирифтааст. Ин китоб бо таҳриру тағйир ва иловаҳо бори сеюм нашр мешавад. Нашри сеюм ба талаботи муносибати салоҳиятнок (таълими босифат) мувофиқ кунонида шудааст. Дар охири ҳар як мавзӯъ саволҳо барои санҷиш, истилоҳот ва саволҳои тестӣ пешниҳод шудааст. Ин саволҳо барои пайдо кардани малакаи донистан ва тавонистан мусоидат мекунанд. Дар нашри сеюм ба ҷойи мавзӯи пайдоиши системаи сайёраҳо, ки онро дар фанни нуҷум (астрономия) мехонанд, мавзӯъҳои нав аз қабили таърихи мухтасари биология, марҳалаҳои асосии эволютсияи химиявӣ, марҳалаҳои аввали эволютсияи биологӣ, пайдоиши коди генетикӣ, эволютсияи биосфера, генетикаи одам ва ғайраҳо пешниҳод шудаанд. Инчунин дар охири бисёр мавзӯъҳо ҳалли масъалаҳои биологӣ ва корҳои таҷрибавӣ нишон дода шудааст. Тавре ки ба шумо маълум аст, биологияи умумӣ илми мураккаб буда, бисёр масоили он то имрӯз ҳалли мушаххаси худро наёфтаанд. Масалан, масъалаи худи ҳаёт чӣ тавр, кай ва дар куҷо пайдо шудааст, аз замонҳои қадим мавзӯи баҳсу мунозираи олимон буда, ҳоло низ идома дорад. Тавассути ин китоб шумо мухтасаран ба масъалаи пайдоиши ҳаёт ва паҳншавии он дар кураи Замин, алоқамандӣ ва тафовути табиати зинда ва ғайризинда, эволютсияи химиявӣ ва биологӣ, пайдоиши коди генетикӣ, эволютсияи биосфера, моддаҳои органикӣ, сафеда, ҳуҷайра, пайдоиши мавҷудоти якҳуҷайра ва серҳуҷайра ва билохира, ба муаммои пайдоиши одам ва мавқеи он дар табиати зинда шинос хоҳед шуд.
Биологияи умумӣ нисбат ба дигар фанҳои биологие, ки дар синфҳои поёнӣ омӯхтаед, қадре душвортар аст, зеро он асосан фанни назариявӣ буда, дастовардҳои илмии ҳамаи соҳаҳои биологияро таҳлил ва ҷамъбаст мекунад. Бо онҳо дар бобҳои алоҳидаи китоб шинос хоҳед шуд. Баъди омӯхтани мавзӯъҳо ба истилоҳоти дахлдор ва шарҳи онҳо, саволҳои тестӣ, ҳалли маъалаҳои биологӣ шинос мегардед. Барои беҳтар омӯхтани китоб ба мундариҷаи он диққати ҷиддӣ диҳед, то ки тавассути он мавзӯъ ва саҳифаҳои даркориро пайдо карда тавонед.
Калидвожаҳо: Китоби Биологияи умуми. Синфи 10, Абдулло Махмадзиёев, Абдухасиб Тошев, Саид Савлатов, Таваккал Гиёсов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
