
Биологияи умумӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри чорум бо тағйиру иловаҳо.
Шумо дар синфи 11 омӯзиши биологияи умумиро, ки дар синфи 10 ба он шурӯъ карда будед, давом медиҳед. Ба хотир меорем, ки дар синфи 10 кадом мавзӯъҳоро омӯхтед: гуногуншаклии олами зинда, эволюцияи химиявӣ ва биологӣ, эволютсияи биосфера, пайдоиши ҳаёт дар рӯйи Замин, ташаккули химиявии ҳуҷайра, мубодилаи моддаҳо, сохт ва вазифаи ҳуҷайра, афзоиши организмҳо, инкишофи фардии организмҳо, мафҳумҳои асосии генетика ва қонунҳои ба мерос гузаштани аломатҳо.
Дар синфи 11 ба мавзӯъҳои зерини биологияи умумӣ шиносоӣ пайдо хоҳед кард: қонунҳои тағйирпазирӣ, асосҳои селексия, қонунҳои инкишофи табиати зинда, макроэволютсия, инкишофи олами органикӣ дар рӯйи Замин, пайдоиши инсон, бионика, биосфера, асосҳои экология ва ғайраҳо. Китоб бо таҳриру тағйиру иловаҳо бори 4-ум нашр мешавад. Нашри чорум ба талботи принсипи салоҳиятнок (таълими босифат) мувофиқ кунонида шудааст. Дар охири ҳар як мавзӯъ саволҳо барои санҷиш, истилоҳот ва саволҳои тести пешниҳод шудааст. Ин саволҳо барои пайдо кардани малакаи донистан ва тавонистан мусоидат мекунад.
Китобро гурӯҳи муаллифон навиштаанд. Бобҳои 1 — 2 ба қалами дотсент С. Савлатов, бобҳои 3 — 7 ба қалами дотсент А. Маҳмадзиёев ва бобҳои 8 — 10 ба қалами дотсент С. С. Султонов тааллуқ доранд.
Дар китоб дар бораи дастовардҳои илмии ба мавзӯъҳо дахлдоштаи олимони ватанӣ маълумот оварда шудааст.
Калидвожаҳо: Китоби Биологияи умуми. Синфи 11, Абдулло Махмадзиёев, Саид Савлатов, Сайдали Султонов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)