Боғи Момаи Ангур (барои Бежан). Бозор Собир

Муаллиф: Бозор Собир

Бахш: Адабиёти бачагона, Адабиёти муосир, Шеър

Ношир: Адабиёти бачагона, Адиб

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2016

Саҳифа: 20

Андоза: 2 МБ

БОҒИ МОМАИ АНГУР 1

Ҳамчу ғул-ғули тӯе
Як сатил ҳаёҳӯе,
Бозии қарашқӯе,
Боғи момаи ангур.

Дам ба дам пур аз хиш-хиш,
Дам ба дам пур аз киш-киш,
Даҳ сабад пур аз кишмиш,
Боғи момаи ангур.

Хӯшае агар пухтаст,
Хӯшаи дигар пухтаст,
Дар дами саҳар пухтаст
Боғи момаи ангур.

Як шабе ту бо маҳтоб,
Як шабе ту бо шабтоб,
Бӯи мева пеш аз хоб
Боғи момаи ангур.

Ёди сабзи тобистон,
Ёди сабзи токистон,
Ёди сабзи Сӯфиён 2
Боғи момаи ангур.


  1. Писаронам ба хотири боғи токаш модарамро «Момаи ангур» меномиданд.
  2. Қишлоқи Момаи ангур

Калидвожаҳо: Китоби Боги Момаи Ангур (барои Бежан), Бозор Собир, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)