Ботаника. Синфи 6. Камолиддин Баротзода ва дигарон

Китоби дарсӣ барои синфи 6-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.


Шумо дар синфи 6 аз ин китоби дарсӣ таълим мегиред. Тавассути мундариҷаи китоб бо номгӯи фаслу бобҳои алоҳида шинос гардида, мавзӯъҳои лозимро бо осонӣ дарёфта метавонед.

Дар охири ҳар як мавзӯъ бо мақсади санҷиши дараҷаи фаҳмишу дониши хонандагон саволҳои ба мавзӯъ дахлдор пешниҳод шудаанд. Пеш аз саволҳо аломати ? гузошта шудааст.

Рақами расмҳо дар матни мавзӯъ ва дар зеррақами расмҳо бо аломати ишора карда шудааст. Расмҳо интихобан оварда шудаанд ва онҳо барои осонтар аз худ кардани мавзӯъҳо ба шумо кумак мерасонанд.

Дар қисми дохилии муқоваи аввал ва охири китоб чор салтанати олами органикӣ (зинда), пайдоиш ва инкишофи бактерияҳо, занбӯруғҳо, рустаниҳо ва ҳайвонот гирд оварда шудааст.

Пас аз итмоми фаслу бобҳои китоб равиши гузаронидани машғулиятҳои лабораторӣ дода шудааст, ки аз рӯйи онҳо омӯзгор бо шумо дарсҳои лабораторӣ мегузаронад. Ин машғулиятҳои амалӣ ба шумо имкон медиҳанд, ки ба таври аёнӣ ба гуногуннамудӣ ва ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти ҳаётии рустаниҳо аз наздик шинос шуда, дар омӯзишу ҳимоя ва ҳифзи рустаниҳо малакаю маҳорати зарурӣ ҳосил намоед.

Аз шумо бисёр хоҳиш мекунем, ки китобро тоза нигоҳ доред ва бо он эҳтиёткорона муносибат кунед, чунки дар оянда аз ин китоб хоҳарон ва бародарони хурдсоли шумо метавонанд истифода баранд. Бо ҳисси миннатдорӣ таъкид мекунем, ки ба ҷуз адабиёти дахлдори дар барномаи таълимӣ нишондодашуда, инчунин, баъзе расмҳо ва мавод аз китоби дарсии «Биология: рустанӣ, бактерия, занбӯруғ, гулсанг». М., 1992 (нашри 23-юми русӣ, барои синфҳои 6-7), муаллифаш В.А. Корчагина; китоби номбурда, тарҷума аз нашри 20-уми русӣ. — Душанбе: «Маориф», 1992, мутарҷим М. Ҳоҷиматов ва «Биология: бактерия, занбӯруғ, рустанӣ». — М., 1995 (барои синфи 6), муаллифаш В.В. Пасечник мавриди истифода қарор гирифтаанд.


Калидвожаҳо: Китоби Ботаника. Синфи 6, Камолиддин Баротзода, Мехровар Гайратов, Мукбил Нигмонов, Сайдали Султонов, Сайфиддин Давлатзода, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)