Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ

Бахш: Дигар

Барчасп: Барои наврасон, Забони тоҷикӣ

Ношир: Ирфон

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2015

Саҳифа: 36

Андоза: 2 МБ

Мураттибон: С. Аминов, Д. Нуриддинова.


Дар ин ҷузва (брошюра) чанде аз гуфтори арбобони ҷамъиятӣ, олимон, аҳли адаби кишварамон ва мамолики наздику дур дар васфи забони тоҷикӣ гирд оварда шудаанд. Возеҳ аст, ки ин муште аз хирвор аст. Дар гуфторҳои овардашуда қадимию ширин ва хушсадою хушоҳанг будани забони тоҷикӣ зикр гаштаанд. Хондани ин порчаҳо дар қалби ҳар як фарди тоҷик, ба хусус насли ҷавон, шавқу завқ, муҳаббат ба забони модарӣ ва эҳсоси миллиро бедору қавитар месозад ва дар тарбияи худшиносии миллии насли ҷавон нақши басо бузург мебозад.

Мавод барои мактаббачагон, донишҷӯён, омӯзгорон ва дӯстдорони забони тоҷикӣ пешниҳод мегардад.


Калидвожаҳо: Китоби Бузургон дар васфи забони точики, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)