Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Шавкати Бухороӣ, Ғании Кашмирӣ. Чаҳорбоғи ғазал. Ахтарони адаб, ҷилди 36. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Ҳуросонӣ. Муҳаррир Муҳтарам Ҳотам.
ШОИРИ «ХУШТАРОШ»-У «ХУШСАДО»
Шоири мумтоз ва яке аз поягузорони сабки ҳиндӣ дар адабиёти форсии тоҷикии асри XVII Абӯтолиб Калими Кошонӣ, ки дар маъхазу сарчашмаҳои илмию адабӣ ба унвони «Холиқулмаонии сонӣ» низ ёд шудааст, тақрибан солҳои 1592-1593 мелодӣ дар Ҳамадони Эрон ба дунё омада, саводи ибтидоиро дар зодгоҳаш ва баъдтар дар Кошон фаро гирифтааст. Вай баъди ба камол расидан муддате дар Шероз аз илмҳои замонаш бархурдор мегардад ва ба забону адаби модарӣ дилбастагии хоса пайдо менамояд.
Калидвожаҳо: Китоби Чахорбоги газал (Ахтарони адаб, 36), Калими Кошони, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
