Чаҳорбоғи ғазал (Ахтарони адаб, 36). Толиби Омулӣ

Муаллиф: Толиби Омулӣ

Бахш: Адабиёти классикӣ, Назм, Шеър

Барчасп: Ахтарони адаб

Ношир: Адиб

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2018

Саҳифа: 480

Андоза: 2 МБ

Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Шавкати Бухороӣ, Ғании Кашмирӣ. Чаҳорбоғи ғазал. Ахтарони адаб, ҷилди 36. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Ҳуросонӣ. Муҳаррир Муҳтарам Ҳотам.


Муҳаммад Толиби Омулӣ аз суханварони хушбаёни охирҳои асри XVI ва нимаи аввали асри XVII форсии тоҷикӣ буда, дар ҳудуди соли 996 ҳиҷрӣ, баробар ба соли 1580 мелодӣ, дар Омули музофоти Мозандарони Эрон по ба арсаи ҳаёт гузоштааст. Вай дар ашъораш аз зодгоҳи худ ёд карда мегӯяд:

Навои булбули Шероз бар гӯшам гарон омад,
Ки дар гулшан чу Толиб андалеби Омулӣ дорам.

Номаш Муҳаммад ва мутахаллис ба Ошӯбу Булбули Омул мебошад. Даврони тифлӣ ва мактабхонии ӯ дар оғӯши волидайни меҳрбон ва зодгоҳи ҷаннатмакон гузаштааст. Толиб фарогири илмҳои замон, монанди ҳандаса, мантиқ, ҳайат, ҳикмат ва зиёда аз ҳама хушнависӣ гардида, аз кӯдакӣ илми бадеъро бо нозукиҳояш азбар менамояд ва табъи худодод мавсуфро ба гуфтани шеър ва суханварӣ во медорад. Азбар намудани забони арабӣ барояш аз машғулиятҳои ҳамешагӣ буд. «Бо бештари улум ва фунуни замон ороста буд», – менависад тазкиранигор Ҳусайнкулихони Азимободӣ.

Толиби Омулӣ, хеле барвақт, дар 48-солагӣ, аз олам гузашта бошад ҳам, бо табъи ғарро ва забони гӯё ба мо – баъдинагони ҳамзабонаш ва ҳатто ба ҳамаи дилбохтани назми ҷаҳонгири форситаборон осори зиёди гаронмояи манзум ба мерос гузоштааст. Аҳли таҳқиқ мероси адабии шоирро беш аз 22950 байт баршумурдаанд, ки аз ин адад 13828 байт ғазал (1869 адад), 814 байт қитъа (51 адад), 593 байт таркиббанд (8 адад), маснавиҳои «Сӯзу соз», «Ҷаҳонгирнома» ва «Қазову қадар» 728 байт ва муттабоқӣ қасоиду рубоӣ ва чанд абёти пароканда.


Калидвожаҳо: Китоби Чахорбоги газал (Ахтарони адаб, 36), Толиби Омули, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)