Чаҳорбоғи ғазал (Ахтарони адаб, 36). Шавкати Бухороӣ

Муаллиф: Шавкати Бухороӣ

Бахш: Адабиёти классикӣ, Назм, Шеър

Барчасп: Ахтарони адаб

Ношир: Адиб

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2018

Саҳифа: 480

Андоза: 2 МБ

Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Шавкати Бухороӣ, Ғании Кашмирӣ. Чаҳорбоғи ғазал. Ахтарони адаб, ҷилди 36. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Ҳуросонӣ. Муҳаррир Муҳтарам Ҳотам.


СУХАНГУСТАРИ НОЗУКДИЛ ВА ВОРАСТАТАБИАТ

Вақте дар адабиётшиносӣ сухан аз рӯзгори сипаришудаи яке аз эҷодкорони тавоно ва муваффақи сабки ҳиндӣ Хоҷа Муҳаммад ибни Исҳоқ Бухороӣ, мутахаллис ба Шавкат, ки дар аввалҳои фаъолияти эҷодияш «Нозук» тахаллус доштааст, меравад, аҳли таҳқиқ дар ин боб асосан ба умумигӯйӣ ва
ё баёни лаҳзаҳои ҷузъии ҳаёти шоир таваққуф менамоянду халос. Сабаби ин ҳамон аст, ки онҳо ба маъхазу сарчашмаҳои оид ба рӯзгору осори Шавкати Бухороӣ маълумотдода такя намудаанду менамоянд, ки дуруст ҳам ҳаст, зеро дар ин маврид сохтаву бофтаҳо набояд роҳ ёбад ва маънӣ ҳам
надорад. Ба ин метавон баъзе ишораҳои худи Шавкатро роҷеъ ба рӯзгору осораш ҳамроҳ намуд ва шаммае аз ҳаёти дар ғарибию саргардониҳо гузаронидаю бо эҷоди бадеӣ машғулиятгардидаи ӯро рӯйи коғаз овард.

Соли таваллуди Шавкат аз саҳфаи маъхазҳои мавҷуда берун афтодааст. Вай дар Бухоро, тахминан дар чаҳоряки аввали асли XVII, чашм ба дунё мекушояд. Оғози зиндагии ӯ дар Мовароуннаҳр ба давраи ҳукумронии Имомқулихони Аштархонӣ (1611-1642) рост меояд, ки ниҳоят пурошӯб буд.

Падараш Исҳоқ дар Бухоро бо саррофӣ (заршиносӣ) машғул буду дар овони ҷавонии шоир аз ҳаёт дармегузарад. Шавкат дар баробари таҳсил ва аввалин қадамҳои худро дар ҷодаи эҷод гузоштан маҷбур мешавад, ки барои рӯзӣ ва осудаҳолии оила касби падарро пеша намояд ва онро идома диҳад. Шоири маъруфи оянда рӯз ҳунари саррофиро мекарду шаб ба омӯзишу андӯзиш машғул. Бештар ба ашъори ҳамзамонони тозапардозаш бахусус Мирзо Соиб (1603-1677), ки тавассути як дӯсти ҳамдиёраш ба даст оварда буд, таваҷҷуҳ дошт.

Ашъори боқимондаи Шавкати Бухороиро зимни омӯзишу пажӯҳишҳо аз 6000 байт то 8000 байт баршумурдаанд, ки нусахи қаламии он хеле зиёд аст. Таҳиягари матни илмӣ-интиқодии «Девони ашъор»-и шоир Ҷ. Додалишоев дар муқаддимаи заҳмати худ овардааст, ки танҳо дар ганҷинаҳои нусахи хаттии шаҳрҳои Душанбе, Тошкент ва Санкт-Петербург беш аз 20 нусхаи гуногунҳаҷми ашъори Шавкат маҳфуз мебошад. Ин шумора баёнгари он аст, ки дар аввалҳо сухани шоирро дар диёраш нафаҳмида бошанд ҳам, минбаъд офаридаҳояшро азиз медоштанду дар нишасту маҳфилҳои адабӣ мавриди истифодаи пайваста қарор медодаанд. Ва «Вай дар ҳақиқат гӯяндаест, ки дар олами бемунтаҳои хаёл саргашта аст ва ҳарчи суруду ҳар таркибе ки дар гуфтораш ба кор бурд, маъниҳо ва таркибҳои тозаест, ки бар пояи тахайюлҳои ӯ устувор аст. Ташбеҳҳое ваҳмӣ ва истиораҳое, ки бар хаёлҳои жарф бино шуда бошад, дар каломаш бисёр зиёд аст, чунонки ба воқеъ болост… Бояд бо нозукхаёлии ӯ буд, то ба хаёлҳои нозукаш расид ва ба мақсудаш пай бурд ва ё ба ҳамон олами тафаҳҳумҳои ӯ ворид гашт…» – менависад Забеҳуллоҳи Сафо.


Калидвожаҳо: Китоби Чахорбоги газал (Ахтарони адаб, 36), Шавкати Бухорои, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)