Чойхонаи «Роҳат», ё қисса ва ҳикоёт барои хониши пеш аз хоб.
БА ҶОЙИ ЭПИГРАФ
Пӯлод Толис, худо раҳматаш кунад, навишта буд, эпиграфи асар санги сари гӯрро мемонад. Чун жарф нигаристам, дидам холӣ аз ҳақиқат нест. Бад-ин сабаб барои ин навишта эпиграф наҷустам, вале агар эпиграф интихоб кардан лозим меомад, бе тардид бо андаке тағйир мисраъи Расул Ғамзатов: ”Мо зи бисёр чашма хӯрдем об”- ро бармегузидам. Умри мо ҳам ба ҷойе расида ва мо ҳам аз чашмаи фаровон об хӯрдаем. Вале ҳамчунин мо аз чойхонаҳои зиёд чой нӯшидаем, дақиқтару саҳеҳтар бигӯям, мо беш аз оби чашмаҳо чойи чойхонаҳоро хӯрдаем ва афзун бар ин, чун маншаъу манбаъи сӯҳбатҳоямон аз чойхона аст, бо маъзарат аз рӯҳи Шоир мегӯем: Мо зи бисёр чойхона хӯрдем чой.
Калидвожаҳо: Китоби Чойхонаи «Рохат», Абдукодири Рустам, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
