Мутарҷим: Маҳмуди Ҳаддодӣ
Адабиёти форсу тоҷик садҳо фарсанг фаротар аз марзҳои ҷуғрофиёӣ-сиёсии Эрону Тоҷикистон то ба дурдасттарин марзҳо конунҳои зояндае дорад, ки аз ҷумлаи онҳо шаҳри Қустантанияи куҳан аст. Дар ин шаҳр дар соли 1813 Жозеф фон Ҳаммер Пургштал – сафир ва мутарҷими утришӣ бо девони Ҳофиз ошно шуд ва бо тарҷумае, ки аз ин китоб кард, шеъри форсу тоҷик ба кишварҳои олмонизабон ва ба ин тартиб то ба қалби Аврупо роҳ ёфт. Иоҳанн Волфганг Гёте (1749-1832) – чеҳраи маъруфи адаби олмонӣ аз ҳамин тарҷума илҳом гирифта, ба пайравӣ аз Ҳофиз ва дигар шоирони ин марзу бум девони ҳозирро пардохт ва бо ин асари арзишманд, ки таркибе аз сухану сулуки ғарбиву шарқист, чароғи шеъри Аҷамро дар Аврупо низ афрӯхт ва номи Ҳофизро дар ин қора ба дурахшиш даровард. Ин дафтари пирии он шоири ҷаҳонватан, инак, баъд аз ду қарн дар маҷмӯаи комили худ ба хонандагони тоҷик арза мешавад.
Калидвожаҳо: Китоби Девони гарби-шарки, Иоханн Волфганг Гёте, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
