
Девони Бадриддини Ҳилолӣ (Ахтарони Адаб, ҷилди 32). Таҳияву тадвини матн аз Мубашшир Акбарзод.
ҒУЛҒУЛАИ ИШҚ ДАР ШЕЪРИ ҲИЛОЛӢ
Гуянд, ки адабиёт аз ишқ маншаъ гирифта, сипас тамоми паҳлуҳои зиндагии одамиро бар худ фаро хондааст, ки ҳақ асту рост. Ҳамин ишқ аст, ки гунгро гӯё, карро шунаво, нобиноро бино, нодонро доно намуда, бад-ин васила роҳравони ин роҳро бо ҳама бурду бохтҳояшон ба шоҳроҳи зиндагии ҳамешагӣ ва бардавом равона месозад. Яъне, чун ишқ аст, зиндагӣ намемирад ва нахоҳад мурд. Ҳамин аст, ки чун ба адабиёти дарозумри ҷаҳон мутаваҷҷеҳ мешавем ва осори гаронмояи аҳли адабро варақгардон менамоем, пеш аз ҳама ба мавзӯи ишқ рӯ ба рӯ меоем. Ва пеш аз ҳама ишқи Ошиқу Маъшуқа. Дуруст аст, ки одамӣ ба офаридаҳои Худо ба Кайҳон ва ҳамаи ашёи ҷаҳон ошиқона менигарад. Вале ишқи Ошиқу Маъшуқа дар баробари ишқи Илоҳӣ дар осори адабии аҳли қалам ҷойгоҳ ва мақоми вижа дорад. Инро мо дар адабиёти беш аз ҳазору чандинсолаи форс-тоҷик хеле хуб ба мушоҳида гирифтаем. Осори бозмондаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, офаридаҳои сеҳрангези Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Ҳаким Низомии Ганҷавӣ, Фаридуддини Аттор, Амир Хусрав, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷомӣ… дар баробари фаро гирифтани мавзӯъҳои гуногунпаҳлуи иҷтимоии замонҳо моломол аз мавзӯи ишқанд, ишқи поки инсонӣ, ишқи бо ҳама шодию ғамҳояш созанда.
Яке аз чунин суханвароне, ки ишқро бо тамоми шӯру шааф тараннум намуда, дар гуфтани ашъори ошиқона дар адабиёти мо шуҳратёр гардидааст, шоири ғазалсарой ва маснавигӯйи мумтози нимаи дувуми асри XV ва нимаи аввали асри XVI-и форс-тоҷик Бадриддин Ҳилолии Астарободӣ мебошад. Доир ба рӯзгори суханвар маълумоти андаке мондааст. Мувофиқи радду бадали андешаҳои ҳилолишиносони пешин мавсуф тақрибан соли 875 ҳиҷрӣ (баробар ба соли 1470 мелодӣ) дар Астарободи Хуросон зода шуда, маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳ фаро мегирад ва барои такмили дониш, тақрибан соли 897 ҳиҷрӣ (баробар ба соли 1491 ҳиҷрӣ) рӯ ба Ҳирот мениҳад ва ба омӯзиши риштаҳои гуногуни илм машғул мегардад. Хушбахтона, Ҳилолӣ замоне ба Ҳирот меояд, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) ва Амир Алишери Навоӣ-Фонӣ (1441-1501) дар қайди ҳаёт буданду ба илму адаб ва фарҳанги кишвар сарварӣ мекарданд. Аз таърихи ба Ҳирот омадани ӯ метавон хулоса намуд, ки ҷавони ташнаи илм тавонистааст суҳбати Мавлоно Ҷомӣ ва Амир Алишерро дарёбад, аз эшон фотиҳаи неки ояндаи худро гирад. Дар «Маҷолису-н-нафоис»-и Алишери Навоӣ омадааст, ки «… ҳофизааш хуб аст ва табъаш низ баробари ҳофизаи ӯст. Хаёли сабақ дорад. Умед аст, ки тавфиқ ёбад ва ин матлаъ аз ӯст:
Чунон аз по фиканд имрӯзам он рафтору қомат ҳам,
Ки фардо барнахезам, балки фардои қиёмат ҳам».
Калидвожаҳо: Китоби Девон (Ахтарони Адаб, 32), Бадриддини Хилоли, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)