Таҳийя, тасҳеҳ ва сарсухану ҳавошии Қодири Рустам. Таҳти назари Сафар Абдуллоҳ. Чопи дувуми такмил ва тасҳеҳшуда. Китоб бо сармояи Абдулхалил Холиқзода ба табъ расид.
Китоб шомили ашъори бозмондаи падари шеъри форсӣ аст. Мачмуа пас аз мутолиаи маохиз ва маҷмуаҳои осори мунташираи Рӯдакӣ таҳийя шуда ва танзимкунанда талош ба харч додааст, то сурати саҳеҳ ва дурусти абётро забт кунад.
Дар ҳавошии китоб ба таври мухтасар ба маохизи ашъор ва нусхабадалҳо ишора ва назарҳои ироашуда дар мавриди абёт ва вожагони он нақл шудаанд.
Тахийякунанда ҳамчунин ваҷҳи баргузиниши ривояти абёт, вожаҳои чудогона ва ё сурати навишти онхоро шарҳ додааст. Дар охири китоб феҳристи вожаҳои ашъори Рудакӣ ҷой дода шудааст.
Калидвожаҳо: Китоби Девони Рудаки, Абуабдуллохи Рудаки, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
