Ҷалол Икромӣ. Асарҳои мунтахаб, ҷилди 2.
Материали романро инқилоби соли 1920-уми Бухоро ва воқеаҳои ҳафтаю моҳҳои аввалини баъд аз инқилоб ташкил мекунад. Персонажҳои асосии роман мардҳо ва занҳо иштирокчиёни инқилоби соли 1920, фаъолони партиявӣ, советӣ ва ҷамъиятии Республикаи Советии назди Бухоро мебошанд.
Романи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» дар эҷодиёти романнависи номии тоҷик Ҷалол Икромӣ ва дар такмили баъдинаи маҳорати вай қадаме ба пеш аст. Ин китоб бешубҳа писанди хонандагон хоҳад шуд.
Ин давра солҳои аввали баъди инқилоби халқии Бухоро буда, замони ниҳоят вазнини таърихӣ будааст. Ҳама табақаҳои ҷамъият инқилобро ба таври ба худ хос дарк мекарданд. Муносибати шахсони пешқадами ҷамъият аз қабили Асою Фирӯза, Аббосу Каримҷон ба тағйиротҳои гуногуни замона мусбат буданд. Қувваҳое низ буданд, ки дастовардҳои инқилобро намеписандиданд… Ба замми ин нависанда худаш аз хурдсолӣ бо воқеаҳои инқилобӣ ва ҳаёти Бухорои баъд аз инқилоб бевосита ошност ва инчунин омӯхтани воқеаҳои таърихи ҳаматарафа эҳсос карда мешавад.
Калидвожаҳо: Китоби Дувоздах дарвозаи Бухоро, Чалол Икроми, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
