
Китоби дарсӣ барои синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри чоруми такмилёфта.
Масъалаҳои экологӣ аз замони қадим вуҷуд доранд. Ҳанӯз дар китоби «Авесто» Зардушт оид ба ин мавзуъ сухан гуфтааст. Аҷдоди мо ҳамбастагии омилҳои табиӣ – обу ҳаво, набототу ҳайвонот, олами моддӣ ва маънавиро маҳз аз қадим медонистанд. Ин чунин маъно дорад, ки инсоният дар марҳалаҳои фаъолияти ҳамешагиаш бо масъалаҳои экологӣ алоқаманд будааст. Азбаски одам шакли олии таҷассуми табиат аст ва бидуни он фаъолият карда наметавонад, бинобар ин масъалаҳои экологӣ яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи ҳаёти ӯ ба шумор мераванд.
Экология қисми таркибии фанҳои табиатшиносӣ буда, бо онҳо алоқаи зич дорад. Донише, ки аз омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, аз қабили ботаника, зоология ва география гирифтаед, ҳангоми аз худ кардани фанни экология ба шумо ёрии амалӣ хоҳад расонд.
Одам бо табиат зинда аст, зеро табиат сарчашмаи асосии қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва маънавӣ ба ҳисоб меравад.
Солҳои охир муносибати нодурусти одамон ба табиат, аз меъёр зиёд ва бетартибона ҷамъоварӣ кардани рустаниҳо, шикори ҳайвонот сабаби камшавии намудҳои зиёди набототу ҳайвонот гардида истодааст. Дар натиҷаи истифодаи нодурусти замин, афзоиши босуръати аҳолӣ, ба эътибор нагирифтани шароити муҳит ё мувозинати экологӣ, инчунин афзудани дахолати инсон ба табиат муҳити зист харобу ҳаво олуда шудааст, ки ин ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад.
Дар сайёраамон давоми якчанд даҳсолаи охир баландшавии ҳарорат, обхезиҳо, гирдбодҳои даҳшатовар ва дигар офатҳои табиӣ бештар ба назар мерасанд, ки сабаби асосии ин ҳодисаҳои мудҳиш муносибати нодурусти одамон ба табиат буда, он аз надонистани қонунҳои экологӣ сарчашма мегирад. Ҳоло буҳрони экологӣ на танҳо ба ноҳия ё минтақаи алоҳида, балки ба тамоми кураи Замин таҳдид карда истодааст. Фаромӯш набояд кард, ки муътадил нигоҳ доштани муҳити зист гарави муътадилии фаъолияти олами зинда (микроорганизмҳо, рустаниҳо, ҳайвонҳо) ва дар маҷмуъ муҳити зисти одамон ва фаъолияти онҳо мебошад.
Дар ин ҳолат экология чун заминаи илмӣ дар истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи онҳо аҳаммияти зиёд дорад. Аз ин рӯ, шумо хонандагони азиз, бо рафтори нек ва дониши аълои худ, ки оид ба илми экология аз худ мекунед, дар ҳалли масъалаҳои асосии экологӣ, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиат саҳмгузор буда метавонед. Инчунин, бо муносибати бошууронаи хеш муҳити зисти солиму мувозинаи экологии табиатро беҳтар мекунед.
Калидвожаҳо: Китоби Экология. Синфи 9, Абдулло Давлатов, Комилшо Исозода, Мирзомурод Саидов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)