«Фарозҳои зиндагӣ» дувумин маҷмӯаи шеъри Афсар Сармад буда, муаллиф эҳсоси дилашро дар мавзӯъҳои гуногуни зиндагӣ дар қолаби назм самимона изҳор намудааст.
Афсар Сармад корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, аз рӯи ихтисоси худ пурсамар фаъолият дорад. Ин дилбастаи адабиёт аз пешаи пурзаҳмати суханварӣ огаҳӣ дошта, дер боз шеър мегӯяд. Дар эҷодиёташ байту бандҳои хотирмон кам нестанд. Ӯ кӯшидааст, ки дар мавзӯъҳои муқаддас ва ҷовидонии адабиёт сухани тозаи худро дар шаклҳои гуногуни шеърӣ изҳор намояд.
Намунаҳои эҷодаш дар маҷаллаю рӯзномаҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ борҳо ба табъ расидаанд.
Калидвожаҳо: Китоби Фарозхои зиндаги (мачмуаи шеър), Фарозхои зиндаги (мачмуаи шеьр), Фарозхои зиндаги (мачмуаи шер), Афсар Сармад, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
