
Асадии Тӯсӣ. Гаршоспнома. (Ахтарони Адаб, ҷилди 15). Таҳияи матн ва шарҳи луғот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ.
Асадии Тӯсӣ дар таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик аз суханварони қавитабъу борикандеш ба шумор меравад ва тавоноии фикру чиразабонии ӯро достони ҳамосии «Гаршоспнома», ки дар пайравии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ суруда шудааст, беҳтарин гувоҳ аст.
«Гаршоспнома» дар хусуси корнамоиҳои паҳлавони систонӣ Гаршосп, додарзодаи ӯ Наримон ва писари Наримон – Сом, ки аз аҷдоди Рустами Дастон будаанд, нақл мекунанд. Дар кишварамон достон бори аввал ба ҳуруфи кириллӣ нашр мегардад ва пояи баланди ҳикмату андарзи он имрӯз ҳам барои ҳамагон коршоям мебошад.
Калидвожаҳо: Китоби Гаршоспнома (Ахтарони Адаб, 15), Асадии Туси, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)