География (мамлакатҳо ва минтақаҳо). Синфи 10. Муҳиддин Раҳимов ва дигарон

Китоби дарсӣ барои синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри сеюм.


Хонандаи азиз, географияи мамлакатҳо ва минтақаҳо яке аз шохаҳои асосии илми географияи иқтисодӣ ва кишваршиносӣ мебошад, ки ҷойгиршавӣ ва фаъолияти одамонро дар ҳудуд ва минтақаҳои алоҳида ба таври комплексӣ меомӯзад. Он самтҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, таърихию географӣ, экологӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Яке аз вазифаҳои асосии географияи иқтисодию иҷтимоӣ ва минтақавӣ муайян кардани тафовут байни объектҳо ва номутаносибӣ (диспропорсия)-и минтақаву кишварҳо ҳангоми ҷойгиршавии географии онҳо мебошад. Объектҳо ва комплексҳои асосии омӯзиши географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ – минтақаҳо, давлатҳо (як қисми мамлакатҳои калон ё гурӯҳи давлатҳои хурд); шаҳрҳои калон, агломератсияҳои шаҳрӣ, ноҳияҳо; корхонаҳои соҳавӣ, сохти сиёсӣ, иқтисодиёти давлатҳо ва объектҳоест, ки ҳудуди алоҳида доранд (корхонаҳои алоҳида, роҳҳо, каналҳо, фурудгоҳҳо, биноҳо, комплексҳои истеҳсолӣ, маҳалҳои аҳолинишин, осоишгоҳҳо ва ғайра).

Объектҳои омӯзиши географияи мамлакат ва минтақаҳо мафҳуми васеъ дошта, минтақаҳои бузург (қитъаҳои олам), зерминтақаҳо, давлатҳо, ноҳияҳо – аз сатҳи ҷаҳонӣ то шаҳрҳои ҷудогона ё ҳатто деҳаҳоро дар бар мегиранд.

Тамоми сайёраи Заминро шумо минбаъд дар шакли минтақаҳо (регион)-ҳои бузурги таърихӣ-фарҳангӣ-географӣ хоҳед омӯхт. Шумо ҳанӯз аз курсҳои дигари география доир ба минтақаҳои таърихӣ, фарҳангӣ-географии Африқо (Африқои Шимолӣ, Тропикӣ, Ғарбӣ, Марказӣ, Шарқӣ, Ҷанубӣ), Осиё (Осиёи Шарқӣ, Ҷанубӣ, Ҷанубу Ғарбӣ, Ҷанубу Шарқӣ, Марказӣ), Аврупо (Аврупои Ғарбӣ, Шарқӣ, Марказӣ), Амрико (Амрикои Шимолӣ, Амрикои Лотинӣ ва ғайра), Австралия ва Уқёнусия (Океания) маълумот доред. Ин минтақаҳо аз нигоҳи мавқеи географӣ, шароит ва сарватҳои табиӣ, шароитҳои ташаккулёбии таърихию фарҳангӣ, ҷойгиршавии аҳолӣ, ташаккулёбии сохти хоҷагӣ ва дигар нишондиҳандаҳои географӣ аз якдигар фарқ мекунанд. Инчунин, ин минтақаҳо ба зерминтақаҳо ва давлатҳои алоҳида ҷудо мешаванд, ки онҳо низ аз рӯйи таркиб ва як қатор нишондиҳандаҳои географӣ аз якдигар фарқ мекунанд. Онҳо ҳудуде мебошанд, ки шумо дар алоҳидагӣ омӯхта, донишу маҳорат ва малакаи худро доир ба ягонагии олам ва мураккабии ташаккули давлатҳо мукаммал месозед.


Калидвожаҳо: Китоби География (мамлакатхо ва минтакахо). Синфи 10, Мухиддин Рахимов, Рахматшо Диловаров, Холназар Мухаббатов, Шосафар Акобиров, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)