География (Географияи табиӣ). Синфи 6. Додохон Ҷалолов ва дигарон

Китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри 5-уми такмилёфта.


Хонандагони азиз! Шумо аллакай дар синфҳои поёнӣ дар бораи сарватҳои табиӣ, сабабҳои тағйирёбии обу ҳаво, Уқёнуси ҷаҳонӣ ва баъзе ҳодисаҳои табиии дигар маълумот гирифтаед.

Акнун шумо, ки хонандаи синфи шашум шудаед, бояд бо фанҳои нав шинос шавед, ки яке аз онҳо фанни география мебошад. Чӣ гуна фаннест география?

География илмест, ки сатҳи Заминро меомӯзад. Бо мадади география метавонем дар бораи сатҳи Замин, кӯҳҳо, дарёҳо, мамлакатҳо ва қитъаҳо, иқтисодиёт, таркибу гурӯҳҳои аҳолии ҷаҳон, дину мазҳаб ва ҳатто ҷисмҳои осмонӣ маълумот бигирем. Ҳоло дар марҳалаи аввал диққати шуморо ба кураи Замин ҷалб мекунем.

Замин аз ҷумлаи сайёраҳои Манзума (Система)-и Офтоб аст, ки дар гирди Офтоб давр мезанад. Вақти гирди Офтобро давр задани Замин 365 рӯзу 6 соат, ё ки як солро ташкил медиҳад. Як солро ба чаҳор фасл тақсим мекунанд: баҳор, тобистон, тирамоҳ, зимистон.

Замин дар гирди меҳвари худ низ ҳар шабонарӯз як маротиба давр мезанад. Дар натиҷаи ин ҳаракат тулуъ ва ғуруби Офтобро мушоҳида мекунем ва шабу рӯз аз он рух медиҳад.

Замин нур ва равшаниро аз Офтоб мегирад. Бинобар ин дар ҳамон тарафи Замин, ки ба он шуои Офтоб мерасад, рӯз ва тарафи муқобили он шаб мебошад.

Асосгузори илми география олими Юнони қадим Эратосфен мебошад, ки солҳои 276–194-и пеш аз солшумории мо зиндагӣ кардааст. Эратосфен солҳои зиёд сарварии китобхонаи Искандарияро ба уҳда дошт, ки дар он замон калонтарин китобхона ба ҳисоб мерафт. Эратосфен оид ба соҳаҳои гуногуни илм дониши қавӣ дошта, бо ҳамин сабабдар замони худ бо номи «олими панҷҳарба» машҳур буд. Ӯ аввалин шуда фанни мустақил будани географияро асоснок карда, номи фахрии «падари география»-ро гирифта буд.

География калимаи юнонӣ («гео»-замин, «графо»- менависам) буда, маънояш «тавсифи Замин» мебошад. Аммо ин маъно ва моҳият ба вазифаи имрӯзаи илми география мувофиқат намекунад, чунки тавсифу номбар ва ҳикоя кардани ҳодисаҳо ба воқеаҳои олам асос ёфтааст. Сайёҳон ва баҳрнавардоне, ки аз сафар бармегаштанд, дар бораи чизҳои дида ва шунидаи худ ҳикоят мекарданд. Дар ин замина ва мушоҳидаҳои олимони қадим илми география пайдо шуд. Онро географияи тасвирӣ мегӯянд, ки ба тасвири табиат, аҳолӣ ва хоҷагии қисмҳои ҷудогонаи сатҳи Замин машғул буд.


Калидвожаҳо: Китоби География (Географияи табии). Синфи 6, Додохон Чалолов, Зайниддин Мусоев, Мухиддин Рахимов, Шамшод Рахмонов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)