
Географияи Тоҷикистон. Китоби дарсӣ барои синфи 8-ум.
География яке аз илмҳои қадимтарин аст. Калимаи география юнонӣ буда, маънояш тавсифи Замин мебошад. География табиат, аҳолӣ ва хоҷагии сатҳи кураи Заминро меомӯзад. Аз ин рӯ, географияро аз ҷумлаи илмҳои оид ба сайёраи Замин номидан мумкин аст.
Табиат, аҳолӣ ва хоҷагии кураи Замин гуногун аст. Табиатро дар ҳолати умумӣ географияи табиӣ ва қисмҳои ҷудогонаи онро илмҳои гуногун таҳқиқ мекунанд; шакл ва ҳаракати Заминро – геодезия ва астрономия, сохти онро геофизика ва геология, атмосфера ва иқлимро – метеорология ва иқлимшиносӣ (клима- тология), қабати обии Заминро – гидрология, океанология ва глятсиология, аҳолӣ ва хоҷагии кураи Заминро бошад, илмҳои ҷузъии иқтисодӣ (иқтисодиёти меҳнат, демография, иқтисодиёти саноат, кишоварзӣ, сохтмон, савдо ва ғайра) меомӯзанд. Вазифаи география аз омӯхтани қонунияти ҷойгиршавӣ ва рушди унсурҳои табиӣ ва иқтисодии зикршуда дар Замин иборат аст. Аз ин рӯ, ин омӯзиши якҷояву алоқаманд бо дигар илмҳо ба амал меояд.
Чунонки мебинем, мавзӯи баҳси география гуногун ва мураккаб аст. Бинобар ин, аз рӯйи мақсаду вазифа ба ду қисми калон ҷудо мешавад: географияи табиӣ ва географияи иқтисодӣ.
Калидвожаҳо: Китоби Географияи Точикистон. Синфи 8, Мухиддин Рахимов, Холназар Мухаббатов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)