Китоби дарсӣ барои синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри сеюм.
Китобе, ки дар даст доред давоми китоби дарсии «Геометрия» (ибтидои стереометрия) барои синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ буда, аз рӯйи барномаи таълими фанни математика барои синфҳои 5–11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (2018) таҳия шудааст. Инчунин, ҳангоми таҳияи он Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ аз математика пурра ба эътибор гирифта шудааст. Бо назардошти то ҳол мавҷуд набудани китобҳои дарсӣ ва маводди дидактикӣ барои мактабҳои тамоилӣ мундариҷаи китоб нисбат ба барномаи таълим андак васеътар карда шудааст. Ин имконият медиҳад, ки китоб дар литсею гимназияҳо низ ба сифати китоби дарсӣ истифода карда шавад.
Китоби мазкур аз 5 параграф, ки ба 36 мавзӯъ ҷудо карда шудааст, иборат аст. Дар ин китоб ҷисмҳои геометрӣ, ба монанди бисёррӯяҳо ва ҷисмҳои чархзанӣ, хосиятҳои онҳо, буришҳо, масоҳати сатҳи паҳлуӣ ва пурраи онҳо ва ҳаҷми ин ҷисмҳо объекти
омӯзиш қарор мегиранд. Қариб дар ҳар як банд баъди баёни маводди назариявӣ ҳалли як ё якчанд масъала оварда мешавад, ки раванди ҳал тарзи истифодаи паҳлуҳои назарияро инъикос мекунад. Қисми назариявии банд бо саволҳои назоратӣ ба охир
мерасад. Ба ҳар саволи гузошташуда аз матн ҷавоби аниқро пайдо кардан мумкин аст. Дар маҷмӯъ саволҳои назоратӣ тамоми мундариҷаи китобро фаро мегиранд. Ҳамин тариқ, саволҳо аз маводди назариявӣ қисмати асосии мавзӯъро ҷудо карда, сатҳи зарурии азхудкунии онро қайд мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки вазифаи хонагӣ доир ба назария на бо усули анъанавии азёдкунӣ, балки дар шакли тайёр кардани ҷавоб ба саволҳои овардашуда супурда шавад. Ба андешаи мо ин тарз ҳам барои хонанда ва ҳам барои омӯзгор ниҳоят мувофиқ аст. Хонанда ба саволҳо ҷавоб пайдо карда, бо маводди таълимӣ кор кардан ва фарқ карда тавонистани элементҳои асосии ҳар як мавзӯъро ёд мегирад, ки маҳз ҳамин роҳи дар оянда мустақилона омӯхтанро барои ӯ ҳамвор мекунад. Миқдори масъалаҳои дар ҳар як мавзӯъ овардашуда имконият медиҳад, ки бо назардошти қобилият вазифаи хонагӣ фардӣ бошад. Бо афзудани рақами масъала дар мавзӯъ раванди ҳалли он мушкилтар мегардад. Масъалаҳое, ки ҳаллашон каме мураккаб аст, бо аломати * нишонагузорӣ шудаанд.
Дар охири ҳар як банд, чун қоида ду масъала барои такрор оварда мешавад. Масъалаи стереометрии ин қисм бо истифодаи назарияи бандҳои пешина ҳал шуда, масъалаи планиметриаш бошад, дар асоси маводди синфҳои 7-9 ҳал мегардад.
Мувофиқи талаботи Стандарти таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китоб маълумоти таърихӣ оварда мешавад, ки дар он саҳми нобиғаҳои Юнони қадим, мамолики Шарқ, алалхусус Осиёи Марказӣ ва Аврупо дар рушди илми геометрия қайд шудааст.
Хулоса сохтори китоб айнан ба сохтори китобҳои дарсии фанҳои математикӣ барои синфҳои 6-11 монанд аст. Ба андешаи мо ягонагии сохтори китобҳои дарсӣ омӯзиши фанни математикаро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот осон мегардонад. Нашри навбатии китоб баъди реҳлати муаллифи он, профессор Боймурод Алиев омода шудааст. Дар ин нашр тағйироти зерин ба чашм мерасад:
- матни китоб бо назардошти меъёрҳои нави имлои забони тоҷикӣ ба риштаи таҳрир кашида шудааст;
- хатоҳои математикие, ки дар нашрҳои пештара роҳ ёфта буданд, ислоҳ карда шудаанд;
- яке аз талаботи асосии низоми таҳсилоти муносибати босалоҳият ин фаъол гардонидани хонандагон дар раванди таълим тавассути саволу ҷавоб ва додани супоришҳо оид ба мавзӯи матраҳшаванда мебошад, то ки хонандагон баъди омӯхтани ҳар як мавзӯъ салоҳиятҳои заруриро ба даст оранд. Ба ибораи дигар, хонандагон бояд маводди назариявии ҳар як мавзӯъро пеш аз омӯзиши мавзӯи нав пурра азхуд кунанд ва дониши назариявии гирифтаашонро дар ҳалли мисолу масъалаҳои амалӣ татбиқ карда тавонанд. Инро ба инобат гирифта, миқдори саволҳо оид ба баъзе мавзӯъҳо зиёд карда шудааст.
Аз хонандагон эҳтироман хоҳиш карда мешавад, ки фикру мулоҳизаҳояшонро нисбат ба мазмуну мундариҷаи китоб ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ба суроғаи электронии mahmadsalim_86@mail.ru ирсол кунанд. Андешаҳои судманд зимни омода кардани китоб барои нашрҳои оянда ба инобат гирифта мешаванд.
Калидвожаҳо: Китоби Геометрия (давоми стереометрия). Синфи 11, Боймурод Алиев, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
