Геометрия. Синфи 7. Усто Бурҳонов, Ҷумъа Шарифов

Муаллифон: Усто Бурҳонов, Ҷумъа Шарифов

Бахш: Китобҳои дарсӣ / Синфи 7

Барчасп: Ҳандаса

Ношир: Маориф, Нашри Мубориз

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2023

Саҳифа: 112

Андоза: 1 МБ

Китоби дарсӣ барои синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри чорум.


Хонандагони азиз! Шумо бо мафҳуми нуқта, порча, нур, хатти рост, кунҷ, секунҷа шинос ҳастед. Инҳо як қисми мафҳумҳои геометрианд. Геометрия як қисми математика мебошад. Калимаи «геометрия» юнонӣ буда, маънояш «заминченкунӣ» аст.

Дар замонҳои қадим геометрия асосан барои ченкуниҳо дар сатҳи замин лозим буд. Нисбат ба замонҳои қадим доираи омӯзиши масъалаҳои геометрия хеле васеъ гаштааст. Геометрияи ҳозира барои ченкуниҳо дар сатҳи Замин, ҳамворӣ, фазо, Кайҳон ва заррачаҳои хурде, ки ба чашм ноаёнанд, зарур аст.

Геометрия ба мисли алгебра таърихи қадим дорад. Ин илм дар давлатҳои қадимаи Миср, Бобул ва Юнон ба вуҷуд омадааст.

Аввалин асарҳои геометрӣ дар асрҳои XVII то милод, яъне тақрибан 3700 сол пеш аз замони мо дар Мисри қадим навишта шудаанд. Дар ин асарҳо қоидаҳо ва тарзҳои ҳисоб кардани масоҳат ва ҳаҷми шаклҳои гуногуни геометрӣ дар асоси таҷрибаҳои ҳаётии одамон баён карда шудааст.

Барои илми геометрия хизмати олими Юнони қадим Уқлидус, ки солҳои 330 – 275-уми пеш аз милод ҳаёт ба сар бурдааст, хеле бузург мебошад. Уқлидус доир ба геометрия асари машҳуре навиштааст, ки «Ибтидо» ном дорад. Ӯ дар ин асараш ҳамаи маълумоти геометрии то замони худ мавҷудбударо ба тартиб дароварда, илми геометрияро ба таври аксиоматикӣ баён кардааст.

Уқлидус якчанд мафҳуми одитаринро бетаъриф қабул намуд ва дар асоси ин мафҳумҳо мафҳумҳои дигари геометриро таъриф дод. Ӯ якчанд тасдиқоти одиро, ки дурустиашон аз худи ҳаёт бармеояд, беисбот қабул кард. Чунин тасдиқоти беисботро аксиома меноманд. Тасдиқоти дигари геометриро дар асоси мафҳумҳои ибтидоӣ ва аксиомаҳо исбот кард. Тасдиқе, ки дурустиаш исботро талаб мекунад, теорема ном дорад.

Китоби Уқлидус зиёда аз 2000 сол ҳамчун китоби дарсии геометрия ба ҳисоб мерафт. Китоби дарсие, ки шумо ҳоло дар даст доред, мазмунаш геометрияи Уқлидус мебошад.

Гузаштагони мо Умари Хайём, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Насируддини Тусӣ аз геометрияи Уқлидус бохабар будаанд. Онҳо бо асарҳои худ доир ба илми геометрия барои тараққиёти минбаъдаи ин илм хизматҳои босазое кардаанд. Олими бузурги рус Н.И. Лобачевский (солҳои 1793-1854) дар тараққиёти илми геометрия гардиши бузурге ба вуҷуд овард. Ӯ геометрияи наверо пешниҳод кард, ки он геометрияи ғайриевклидӣ ном дорад. Хизмати Н.И. Лобачевский дар он аст, ки олимони соҳаи математика дар асоси асарҳои ӯ намудҳои дигари геометрияро кашф намуданд.

Нуқта, порча, хатти рост, кунҷ, секунҷа, квадрат, давра, доира, куб, нур, кура ва ғайра мисоли шаклҳои геометрӣ мебошанд.

Геометрия илмест, ки мавзӯи тадқиқоташ шаклҳои геометрӣ ва хосиятҳои онҳо мебошад. Фанни геометрия аз кадом модда сохта шудани ашёро намеомӯзад. Масалан, барои таҳқиқотчии илми геометрия аз шиша, чӯб ё оҳан сохта шудани квадрат фарқ надорад. Дар геометрия намуд, мавқеи ҷойгиршавии шаклҳо, андоза, масоҳат, ҳаҷм ва дигар бузургиҳои ба онҳо вобаста тадқиқ карда мешаванд.


Калидвожаҳо: Китоби Геометрия. Синфи 7, Усто Бурхонов, Чумъа Шарифов, Чумьа Шарифов, Чума Шарифов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)