
Ин китобе, ки дар даст доред гулчине аз китоби машҳури «Ло тахзан» -и олими бузург Оизи Қаранӣ аст. Ин ҷо кушиш ба харҷ рафтааст, ки барои хонандагони тоҷик ва умуман порсигуён бо забони шевои модарӣ ганҷинаҳои гуфтори китоби ин бузургмард дастрас бошад.
Ҳамди беҳад ва ситоиши бепоён ба он Зоти поки бузургу бахшандаву ғамраҳокунандаи меҳрубон, ки моро ба мураттаб сохтани ин китоб ва шуморо ба мутолиъаи он шарафёб сохт. Сипас салому дуруди бепоён ба хатмкунандаи анбиё Муҳаммади Мустафо
(с) ва бар ҷамиъи олу асҳоби эшон.
Бори дигар шукронаи Худой, ки моро мусалмон офарид. Иловатан, дар радифи хурсандиву масруриҳои мо Парвардигори Азза ва Ҷалл баҳри дафъи гуноҳҳои мо меҳрубонии хешро бар сари мо рехтааст, ки ин ҳам бошад ғаму ғусса аст, ки аз барои ҷурму ҷиноятҳои мо оби раҳмати шӯяндаву сафобахши дилҳои зангоргирифтаи мо мебошад.
Хонандаи азиз, ба инояти бениҳояти бузургии Ӯ инак, фурсате ба мо даст дод, ки ба таълифу тарҷумаи китоби бо унвони «Ғамгин машав» бипардозем. Ҳадаф аз рӯйи кор овардани ин матолиб он аст, ки рӯзгори мо бидуни ғам, рӯзи мо бидуни шаб ва масаррати мо бидуни ғусса офарида нашудааст. Як рукни бандагии мо бандагони оҷизу нотавон дар ҳузури Худованд ин аст, ки дар илоҷи рафъи ғамҳо ба ҷуз такя ба зоти поки Ӯ ва сабр дигар чорае надорем ва ба таври бояду шояд бо Офаридгори бахшанда аз барои он ки ба сари мо ғаму ғуссаро рехтааст, ситез накунем ва шукронаи бепоёни Ӯро ба ҷой биёварем, ки барои шустани гуноҳхои мо чунин рӯзи мусибатро ато фармудааст.ф Ҳазрати Одам (а)-ро дар фироқи фарзанди кушта шудааш-Ҳобил аз ҷониби Қобил ғаму ғуссаи бепоён дод. Иброҳим Халилурраҳмонро ба дастони падараш тавассути манҷаниқ ба оташ афканд, Мӯсоро (а) ба балои тӯҳмату дурӯғгӯйӣ гирифтор сохт. Яъқубро (а) дар фироқи писар аз биноии басар маҳрум карда, Юсуфро (а) солиёни зиёддур азёру диёр ватанғариб ва бардаву зиндонӣ сохт. Хуллас, кулли паёмбарои Худованд то ба ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бо
шадидтарин ғаму мусибатҳо имтиҳон кард. Сарбаланду сабуру бурдбору шокир буданд, паёмбарони Худованд ба балоҳои заминиву осмонии Ӯ.
Калидвожаҳо: Китоби Гамгин машав, Оизи Карани, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)