Ғазалистон (Ахтарони адаб, 38). Зуфархон Ҷавҳарӣ

Муаллиф: Зуфархон Ҷавҳарӣ

Бахш: Адабиёти классикӣ, Назм, Шеър

Барчасп: Ахтарони адаб, Ғазал, Ғазалиёт

Ношир: Адиб

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2018

Саҳифа: 480

Андоза: 2 МБ

Шамсиддин Шоҳин, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ. Ғазалистон. Ахтарони адаб, ҷилди 38. Муҳаррир Муҳтарам Ҳотам.


Сухан дар гавҳарам мавҷест васфи лозими зотӣ,
Ки назмизодаам, маънинаҷотам, фитратэҷодам.
Ба тақлиду такаллуф кай тавон шуд ҳамзабони ман,
Ки шамъи маҳфили таҳқиқаму нур аст иншодам.

Зуфархон Ҷавҳарӣ яке аз намояндагони назми тоҷик мебошад, ки ҳаёт ва фаъолияти ӯ дар ду давраи таърихӣ – давраи феодалӣ ва сотсиалистӣ ҷараён ёфтааст. Ӯ дар нисфи аввали умри худ, ки дар замони тираи феодалӣ гузаштааст, илму адаби ҳамон давраро аз худ мекунад, қоидаву қонунҳои назми тоҷикро бо тамоми ҷузъиёташ меомӯзад ва Инқилоби Октябрро ҳамчун шоири ҳақиқатнигор истиқбол менамояд. Дар ин бора худи ӯ гуфтааст:

Ман ба нерӯи пару боли ҳумои Октябр
Ворасидам ба ҳамин коргаҳи олишон.

Зуфархон Ҷавҳарӣ пеш аз инқилоб ҳам яке аз устодони забардасти назм буд, ки онро асосгузори адабиёти советии тоҷик С.Айнӣ ҳам қайд кардааст: «Аз шеърҳои Ҷавҳарӣ сарсарӣ гузаштан даркор нест. Мӯмиилайҳ шеърро бағоят устодона менигорад. Зотан Ҷавҳарӣ ба тарзи қадим аз устодони
адаби ин давра аст».

Зуфархон Ҷавҳарӣ дар замони советӣ дар адабиёти сотсиалистӣ низ иштирок кардааст. Азбаски ӯ дар услуби қадим яке аз устодони адаб ба шумор мерафт, дар давраи советӣ зуд ба услуби нав гузашта натавонист. Аз ҳамин ҷост, ки ӯ дар солҳои бистум шеърҳои худро оид ба мавзуъи ҳаёти нав ҳам бо услуби куҳна ба майдон меовард. Аммо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, чунон ки дар поёнтар таваққуф хоҳем кард, шоир услуби умумии адабиёти советиро меомӯзад ва бо ҳамин роҳ як қатор асарҳои муҳим эҷод менамояд.

Зуфархон Ҷавҳарӣ дар соли 1860 дар гузари Намозгоҳи шаҳри Ӯротеппа аз оилаи шоир Назмии Истаравшанӣ таваллуд ёфтааст. Пас аз ҳафтсолагӣ дар мактаби куҳна таҳсил карда, то даҳсолагиаш равшансаводӣ ҳосил намудааст. Сипас ба дарсхонӣ шурӯъ карда, дар зарфи ҳашт сол илмҳои забон ва ҳикматро дар ҳузури падари худ омӯхтааст. Баъд аз вафоти падар сафари Бухороро пеш мегирад ва дар мадрасаҳои ин шаҳри қадимаи тоҷик таҳсили илм мекунад. То сини 25-солагӣ забонҳои арабӣ, туркӣ, фалсафа, мантиқ, адабиёт ва дигар илмҳоро омӯхтааст. Баъд аз хатми мадраса ба зодгоҳи худ – шаҳри Ӯротеппа бармегардад ва то охири умр (16 феврали соли 1945) дар ҳамон ҷо зиндагонӣ мекунад.


Калидвожаҳо: Китоби Газалистон (Ахтарони адаб, 38), Зуфархон Чавхари, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)