
Шамсиддин Шоҳин, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ. Ғазалистон. Ахтарони адаб, ҷилди 38. Муҳаррир Муҳтарам Ҳотам.
ШОИРИ ВОЛОФИТРАТ ВА НУКТАРАС
Мулло Муҳаммадҳусайн байни солҳои 1880-1882 дар деҳаи Қарақамиши деҳаи Кангурти ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Тахаллуси адабияш Ҳоҷӣ буда, дар сарчашмаҳо бо номи Ҳоҷӣ Мулло Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ ва Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ низ маъруфият дорад. Вай дар оилаи Зокирдевонбегӣ, ки риштаи мирохурӣ дошт, ба воя расида, таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш фаро мегирад. Гузаштагони Ҳоҷӣ Муҳам мадҳусайн хостагони Дашти Кунаки ноҳияи Сарихосори вилояти Хатлон будаанд.
Кӯмаки молӣ аз ҷониби падар ва фаро гирифтани дониши хуби ибтидоӣ дар деҳа имконият медиҳанд, ки Ҳоҷӣ Ҳусайн рӯ ба маркази илму фарҳанги замон – ба Бухоро ниҳад ва дар мадрасаҳои Гурсунҷону Рашиди ин шаҳри новобаста ба авзои нобасомони замон фарҳангпарвару адабдӯст рафта, дониш бар дониш афзояду аз илмҳои замона баҳраёб гардад. Ӯ дар ин ҷо илова бар улуми расмии давр ҳунари хаттотиро омӯхта, дар ин ҷода ба эҳтиром ва эътибори бузург ноил гардида будааст. Шоири оянда адабиёти пешини форсӣ-тоҷикӣ, илми шеъру шоирӣ ва сарфу навҳи арабиро хеле хуб медонист. Вай пас аз анҷоми таҳсилу омӯзиши фарогир по ба ҷаҳонгардӣ ниҳода, аввалан ба Арабистон меравад ва шарафи ҳаҷҷи акбар ёфта се сол дар он ҷо иқомат мекунад. Ҳоҷӣ Ҳусайн баъди сафари Ҳиҷоз ҳамчунон ба якчанд шаҳру билоди Фаранг ба саёҳат рафта, чанде дар Эрону Ҳиндустон низ будааст. Ҳоҷӣ баъди саёҳатҳои начандон тӯлонӣ ба зодгоҳаш Кангурт меояд ва дар мадрасаи деҳа ба толибилмон аз фиқҳ ва сарфу навҳи арабӣ дарс мегӯяду бо эҷоди бадеӣ машғул мегардад. Мавсуф дар санъатҳои хаттотӣ, лаввоҳӣ, саҳҳофӣ, муҳрканӣ низ маҳорати хуб доштааст.
Калидвожаҳо: Китоби Газалистон (Ахтарони адаб, 38), Хочи Хусайни Кангурти, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)