Ғазалистон (Ахтарони адаб, 38). Шамсуддини Шоҳин

Муаллиф: Шамсуддини Шоҳин

Бахш: Адабиёти классикӣ

Соли нашр: 2018

Саҳифа: 480

Андоза: 2 МБ

Шамсиддин Шоҳин, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ. Ғазалистон. Ахтарони адаб, ҷилди 38. Муҳаррир Муҳтарам Ҳотам.


Шамсиддин Шоҳин яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти охири асри XIX буда, бо ашъори пурмазмуну дилкаши худ дар радифи беҳтарин адибони замонаш қарор дорад ва осори рангинаш намунаи олии назми классикии тоҷик мебошад.

Ӯ дар миёни аҳли фазлу адаби Бухоро шоистаи даврон, маҳфилорои фозилон, маҳбуби маориф-парварон ва аз ҷумлаи беҳтарин суханварон маҳсуб меёфт. Ғазалҳояш пуршӯр, қасидаҳояш равон, маснавиҳояш ҷаззоб ва тарзи баёнаш рӯҳбахш буда, бо ин сифатҳо ашъорашро меписандиданд ва аз шахсияташ дар ҳар базм сухан мегуфтанд. Ҳамин шоистагии ҳунару истеъдод Шоҳинро ба дарбор кашид ва то ба охири умр вай дар ин муҳит умр ба сар бурда, шоҳиди воқеаву рӯйдодҳои зиёди замони амир Абдулаҳад гардида буд.

Шамсиддин Шоҳин дар асарҳои худ муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқиро ҷой карда, ба воқеияти зиндагии инсон бо диди нав ва нигоҳи тоза назар андӯхтааст. Шоир бо як маҳорати баланду бо сабку услуби хос аз рӯзгори пур аз нишебу фарози халқи ҷафокашидаи Бухоро ва гирду атрофи он ҳикоят карда, ғаму ғуссаи ҳазорон мазлумон ва мушкилоти садҳо дардмандонро, ки дар муҳити тангу торики Осиёи Миёна умр ба сар мебурданд, реалистона тасвир кардааст.


Калидвожаҳо: Китоби Газалистон (Ахтарони адаб, 38), Шамсуддини Шохин PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)