Ғазалиёт. Назар Халил

Муаллиф: Назар Халил

Бахш: Адабиёти муосир, Шеър

Барчасп: Ғазалиёт

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Саҳифа: 252

Андоза: 1 МБ

Мо салоҳи корро бо кор пайдо мекунем,
Мо ризои ёрро дар ёр пайдо мекунем.
Гарчи мегӯянд: «Дар дунё гули бехор нест»,
Мо ба бехорӣ гули бехор пайдо мекунем.
Қатрае гӯянд моро гарчи аз баҳри дамон,
Дурру гавҳарро на кам, бисёр пайдо мекунем.
Ҳар дилеро, гар ҳамебинем дар паҳлӯи мост,
Мо зи он дил баҳри худ дилдор пайдо мекунем.
Хонаи зулмот равшан мешавад аз ҷаҳди мо,
Мо шуои барқ аз анҳор пайдо мекунем.
Дар ҳама кунҷу канори ин диёри шеърдӯст
Мо дили аз шеъри тар саршор пайдо мекунем.
Дар ҳамон ҷое, ки то имрӯз як нахле набуд,
Боғҳои хурраму гулзор пайдо мекунем.
Шоирон бар хидмати халқу Ватан омодаанд,
Мо зи ҳар фатҳи Ватан ашъор пайдо мекунем.


Калидвожаҳо: Китоби Газалиёт, Назар Халил, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)