ПЕШГУФТОР
Дар мавриди мусофирати кориам, ки солҳои инқилоби пасини якҷояи Шӯравию Афғонистон дар шаҳри бостонии Ҳирот сурат мегирифт, банда аз миёни мардуми соҳибтамаддуни ин шаҳри суннатии гузаштагонамон, ки худашонро меросбарони тоҷикони асил меҳисобиданд, ҳам ғазалиёти ноёби Ҷомӣ ва ҳам ашъори шоирони муосири онро аз дарҳои мардум ҷуста-ҷуста хостам, ки ин мероси гаронбаҳо дар зери як муқова дастраси мардуми кишвари мо гардида бошад.
Ҳирот аз ҷумлаи шаҳрҳоест, ки дар тамаддуни умумибашарӣ мавқеи барозанда дошта, ангуштнамои хосу ом будааст. Ин шаҳри асили бостонии тоҷикон, ки сифоту савонеҳаш борҳо сари забонҳо рафта, дар саҳифаҳои таърихи аҷдодамон зикри хайраш иброз гардидааст, бонуфузтарину ободонтарин ва бошукӯҳтарин шаҳре буда, ки ҳанӯз аз қарни чаҳори қабл аз милод арзи вуҷуд доштааст. Бар асоси далелҳои таърихӣ яке аз дувоздаҳ шаҳре, ки Искандари Мақдунӣ баҳри эҳёяш саҳм гирифт, ҳамин Ҳироти бостонӣ будааст. Гузиниши пойдевори ин шаҳри азим ба замонҳои Пешдодиву Сосонӣ мерасад.
Номи Ҳирот-Ҳарӣ аз калимаи Ориёно гирифта шудааст, яъне ба мурури замон Ориёно, Орён, Орин, Арӣ ва ё Ҳарӣ талаффуз мешудааст. Баъди вориди тозиён аз тарафи ишон Ҳарӣ ба «ё»-и маҷҳул талаффуз гардид ва охиран «ҳ» бар он афзуда ва «Ҳироҳ» мехонанд, то ин ки «ҳ»-ро бо «т» табдил доданд ва Ҳирот менависанду мехонанд. Шаҳри Ҳиротро Ҳарив ва аҳлу мансубини онро Ҳариво низ гуфтаанд, ки имрӯз маъмулан Ҳирот ё Ҳиротӣ мегӯянду менависанд.
«Орифи маъруфу суханвари бузургвори қарни нуҳуми форсу тоҷик Мавлоно Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомии Ҳиравиро тамоми арбоби адабу ирфони дунёи ислом ва Шарқи мусалмон мешиносад. Таваллуди Мавлоно дар шаби ҳаштуми шаъбони соли ҳаштсаду ҳабдаҳи ҳиҷрӣ воқеъ шуда, пас аз 81 соли зиндагии илмиву адабӣ ва сӯфимашрабона дар бомдоди рӯзи ҷумъаи ҳаждаҳуми муҳаррамулҳароми соли ҳаштсаду наваду ҳашт дар Ҳирот аз ҷаҳон реҳлат карда, дар хиёбони ин шаҳри мутамаддин дафн гардидааст, ки акнун оромгоҳи ин азизмарди даҳр зиёратгоҳи мардум мебошад.
Ҷомӣ, шоири гаронмоя ва сӯфии соҳибдилу соҳибназар, панҷоҳу чор асари гаронбаҳои илмиву адабӣ бо шумули се девони ашъорро ба ёдгор гузошт, ки «Фотиҳатушшубоб», «Воситатулиқд», «Хотиматулҳаёт»-анд.
Донишманди эронӣ Ҳошим Ризо дар муқаддима бар девони комили Ҷомӣ нигошта ва дар соли 1341 дар чопхонаи «Пирӯзи»-и Эрон ба табъ расида, айни матолиби муқаддимаҳои девонҳои сегонаи ин нобиғаи муҳтарамро нақл карда ва номгӯйи 54 китоби таълифнамудаи Мавлоно Ҷомиро низ зикр намудаву шарҳ додааст.
Калидвожаҳо: Китоби Газалиёти ноёби Чоми ва шеъри муосири Хирот, Газалиёти ноёби Чоми ва шеьри муосири Хирот, Газалиёти ноёби Чоми ва шери муосири Хирот, Курбон Восеъ, Курбон Восеь, Курбон Восе, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
