Ҳадиси ишқ. Муҳаммадӣ Навид

Муаллиф: Муҳаммадӣ Навид

Бахш: Шеър

Ношир: Паёми ошно

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2002

Саҳифа: 127

Андоза: 799 КБ

Сано мар Худованди бахшандаро,
Ба ҳикмат ҷаҳон офаринандаро.
Ҳама зеру боло санохони ӯ,
Ду олам пур аз файзу эҳсони ӯ.
Ба сози латофат чу оҳанг баст,
Ҷаҳоне чунин ранг дар ранг баст.
Шақоиқ ба саҳро, ақиқ дар Яман,
Шукуфа ба боғу суман дар чаман.
Ҳама нақшу зебогии ин ҷаҳон,
Зи табъи латифи вай омад нишон.
Пас аз ҳамду тасбиҳу тақдиси том,
Дуруд Мустафоро алайҳи-с-салом.
Ки чун ӯ набудӣ, ҷаҳоне набуд,
Замине набуд, в-осмоне набуд.
Саломе ба пайванду ёрони ӯ,
Ба атбоъу ҳам дӯстдорони ӯ.


Калидвожаҳо: Китоби Хадиси ишк, Мухаммади Навид, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)