Ҳуқуқи инсон. Синфи 10. Зиёзода Таваралӣ Нозимпур

Муаллиф: Зиёзода Таваралӣ Нозимпур

Бахш: Китобҳои дарсӣ / Синфи 10

Барчасп: Ҳуқуқ

Ношир: Бебок, Маориф

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2022

Саҳифа: 192

Андоза: 4 МБ

Муаллифон: Зиёзода Таваралӣ Нозимпур, М. А. Маҳмудзода, А. Г. Холиқзода, З. И. Искандаров, Р. Ш. Сотиволдиев, С. Т. Зиёева, Н. Муродова, Ғ. Лутфонов.

Ҳуқуқи инсон. Китоби дарсӣ барои синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри 3-юм бо тағйироту иловаҳо ва коркарди нав.


Хонандагони азиз!

Шумо дар синфҳои 8 ва 9-ум фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқро омӯхта, дар бораи сохти давлатии мамлакатамон, вазифаҳо ва масъулияти ҳар як инсон ва шаҳрванд дар назди давлат ва ҷомеа дониши зиёд андухтед.

Дар соли таҳсили мазкур шумо фанни нав – «Ҳуқуқи инсон»-ро меомӯзед. Таъкид менамоем, ки идомаи он дар синфи 11 таълим дода мешавад.

«Ҳуқуқи инсон»… Шумо бо ин мафҳуми ҳуқуқӣ бори аввал дучор мешавед. Ин мафҳум дар барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радио садо медиҳад, дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ зуд-зуд ба чашм мерасад. Он ба инсон нигаронида шуда, ба ӯ хизмат мекунад. Конститутсияи мамлакати моро кушоед. Дар боби якуми он «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» шумо хоҳед хонд, ки «Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд» (моддаи 5). Ба инъикоси ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд боби дуюми Конститутсия бахшида шудааст. Ба масъалаҳои риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон бисёр созишномаҳои байналмилалӣ низ бахшида шудаанд. Воқеан «ҳуқуқи инсон» чист ва чаро дар айни замон, сарфи назар аз фарқиятҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динӣ дар байни халқҳои мамлакатҳои гуногун ҳуқуқи инсон дар тамоми ҷаҳон чун яке аз муҳимтарин арзишҳои тамаддуни инсонӣ дониста мешавад?

Умедворем, ки китоби дарсии мазкур ба шумо барои пайдо кардани ҷавоб ба ин саволи ҳамагонӣ кӯмак мерасонад. Ҳарчанд қисми зиёди китоби дарсӣ ба масъалаҳои ҳуқуқшиносӣ бахшида шудааст, тасдиқ кардан хатост, ки ҳуқуқи инсон танҳо ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва истифодаи он дахл мекунад. Мафҳуми ҳуқуқи инсон саршор аз ақидаҳои амиқи фалсафию ахлоқист. Асоси онро арзишҳои ахлоқие ташкил медиҳанд, ки аз ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ, ривоятҳои қадимаи халқҳои гуногун, ғояҳои маорифпарварони гузашта, аз ҷумла тоҷику форс сарчашма мегиранд.

Аммо дар дунё муносибат ба ҳуқуқҳои инсон якранг нест ва ин зуҳурот пеш аз ҳама бо он сабаб арзи вуҷуд кардааст, ки ба ҷуз арзишҳои умумии ахлоқӣ дар ҳар ҷомеа арзишҳои алоҳидаи танҳо ба вай хоси дар раванди инкишофи пешинааш ташаккулёфта мавҷуданд. Ба ин тариқ, дар паси ин ҳар кадоме аз фарқиятҳо дар муносибат ба ҳуқуқҳои инсонҳамеша фарқиятҳо дар муқаррароти арзишӣ мавҷуданд ва дарку фаҳмиши моҳият ва сабабҳои онҳо барои ҳар касе, ки ғамхорӣ ба ватан – Тоҷикистонро қарзи худ меҳисобад, басо муҳим аст


Калидвожаҳо: Китоби Хукуки инсон. Синфи 10, Зиёзода Таварали Нозимпур, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)