Иборот ва ишорот. Ақида, ахлоқ, фарҳанг, фалсафа, иҷтимоъ, роҳбарӣ, иҷтиҳод, ирфон… (Такмила).
Китоб ба пешгоҳи қишри худогоҳ, худшинос ва донишпажуҳи ҷомеа тақдим мегардад.
Пешогоҳӣ
“Оё барои касоне ки имон овардаанд, овони (ҳангоми) он нарасидааст, ки дилҳояшон барои ёди Худо ва он чи аз Ҳақ фуруд омада хошиъ (нарм,фурутан) гардад?!
Ва монанди касоне набошанд, ки пеш аз ин ба онҳо китоб дода шуд, пас бар ишон рӯзгори тулонӣ (дарозе) бигзашт, он гоҳ дилҳояшон сахт шуд ва бештари аз онҳо табаҳкоронанд “
Бо дили аз ҳасрат оганда ва аз хиҷолату шармсорӣ бо сари афганда,бо андешаи жарф ва ибрату эътибор аз ин ояти карима ва бо назардошти ончӣ бар уммат ва сарзаминҳои исломӣ аз ҳараҷу мараҷ, куштору вайронӣ ва харобиву саргардонӣ мегузарад;
Оё ҳангоми он нарасидааст, ки андешмандону донишварон ва зимомдорону сардорони ин уммат бо гардан ниҳодану пазруфтани он ҳама норасоиву бекифоятӣ ва бе таваҷуҳиву сабукандешӣ, ки дар ин росто аз эшон гузашту мегузарад, бо бечорагиву афтодагӣ аз боргоҳи Худованди бахшоянда пузишу бахшиши ин гуноҳони сангини худ бихоҳанд!?
Оё ҳангоми дарк ва фаҳми ин нуктаи равшан нарасидааст, ки мо дар ҳоли ҳозир бо сипарӣ гаштани рӯзгори дарозе ва дур мондан аз сарчашмаи поку гуворои асолати боварҳои бунёдии худ, ба ноогоҳӣ ва аз ин роҳ ба бемеҳриву беозармӣ расидем?!
Оё дар ин аср, ки фитнаву фасод бедод мекунад, мо ниёзи афзунтар аз пештар ба таҷдиди назар дар шинохти воқеъӣ аз сарчашмаҳои аслии диёнати худ ва омӯзаҳои дурусти он надорем, то аз ин ҳама ноогоҳиву ҷоҳилӣ ва дуруштиву сангдилӣ во раста, ба ҳамон барҷастагиву хуҷастагии бунёдии худ боз оем?!
Оё ин нукта то ҳол барои мо равшан нагаштааст, ки дар ин рӯзгор кор дар умум ба дасти ноаҳлон ва гавҳари донишу маърифат ғолибан ба тудае беаслону беҷавҳарон расида, ки аз шумии андешаи норасо ва бо ҳавои худ таъвилоти нобаҷои онҳо бегонагони кинатӯзу ҷангафрӯз суд мебаранд ва мардумони бегуноҳу бепаноҳ бархе дар хуни худ шиновар ва бархе овораву дарбадаранд?!
Оё мешавад ба ҳар ҳарфу гуфтори берешае ва ба худ-нигариву довариву худовардаҳои ҳар беандешае гардан ниҳод, ва гираҳ аз нодониҳои печидаи ӯ накушод?!
Оё ин нукта равшан нест, ки агар ба нодон нодонияш нанмоӣ ва даре аз равшанӣ ба рӯи торикандешон накшоӣ, ҳамаро ҳамчун худбипзиранд ва дар ин тангно ва мурдоби торикистону гандидаи худ бимиранд!
Оё анҷоми корҳои бузург ва пойдории арзишҳои номдор, аз дасти инсонҳои бе донишу беарзишу ноҳинҷор дар замону маконе сохта буд, ки имрӯз сохта гардад?!
Алҳазар з-ин мушти кутаҳбин, ки аз нобихрадӣ,
Соҳати андешаро майдони лашкар кардаанд!
Навид.
Пас биёед бо меъёрҳо ва арзишҳо аз нав ошно ва аз таъасубу дуруштӣ, ки хамирмояаи онҳо нодониву тангназарист, ҷудо гардем!
Аз назди худ бо худмеҳварӣ диёнат натарошем! Ва бо андак дониши худ ғарра набошем! Ва нақшҳо ҷуз аз Худойро аз лавҳи сина биздоему банда бас Худойро бошем!
Зеро, мо дар гарави гуфтор ва кирдори худ ҳастем ва чун майлу оҳанги покӣ ва бозгашт ба некӣ бинмоем ва дар ин роҳ гом фарсоем, Худованди меҳрубону пузишпазир зиндагии сазовор ва рӯзгори созгорро ба мо арзонӣ хоҳад дошт!
Бо умеди Худо.
Эй кош, ки пайки мурдан ояд рӯзе,
К-аз зиндагии хеш пушаймон наравем!
Муҳаммадӣ Ҳодизода Навид
Калидвожаҳо: Китоби Иборот ва ишорот, Мухаммади Навид, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
