Китоб ба пешгоҳи қишри худогоҳ, худшинос ва донишпажуҳи ҷомеа тақдим мегардад.
Ҳамд мар ӯро, ки варои варост,
Баъди варо пойгаҳи кибриёст.
Боргаҳаш соҳати афкор не,
Рози паси парда падидор не.
Ҳамд мар ӯро, ки сазовор Ӯст,
Дар ду ҷаҳон довару додор Ӯст.
Зоти вай аз чандиву чунӣ бурун,
Ақл зи идроки сифоташ забун.
Гар набудӣ лутфи амимаш ба ман,
Баста шуди роҳи баён аз сухан.
Гар набудӣ муждаву пайғоми Ӯ,
Робитаи завқ ба илҳоми Ӯ,
Дарби сухан бар рухи мо баста буд,
Хотираҳо суст буду хаста буд.
Гар набудӣ изн ба иншои мо,
Пур зи ғалатҳо будӣ имлои мо.
Маънии ғайбаст ба дил ҷо шуда,
Рози ниҳонест ҳувайдо шуда.
Дил чӣ бувад, манбаъи асрори Ҳақ,
Оинадорест зи дидори Ҳақ.
Маънӣ зи дил чун биравад то забон,
Нуктаи сарбаста бигардад аён.
Чист забон, шориҳи оёти дил,
Рӯшан аз ӯ гашта ривоёти дил.
Пас сухан аз мову на аз мо бувад,
Гарчи заминист, зи боло бувад.
Роҳи дигар аз дили мо то қалам,
Ҳарфи дил аст он чи қалам зад рақам,
Гар набудӣ нақши қалам дар ҷаҳон,
Гум шудӣ номи ҳамаи рафтагон.
Ин набувад бас зи мақоми қалам,
Нақш ба Қуръон шуда номи қалам.
Пас ману ту бо қаламу бо забон,
Мисли сафирем зи дил бегумон.
Гар дили мо софӣ бувад, ҳарф соф,
Варна суханҳо ҳама лофу газоф.
Гарчи сафо аз қадару аз қазост,
Майл зи мо ҷозиби лутфи Худост.
Мо қадарӣ не, ҷабарӣ ҳам наем,
В-аз қадару ҷабр барӣ ҳам наем.
Майл, ки гуфтем ҳамон ихтиёр,
Майли ту дар некӯ бад аст ошкор.
Баста ба майл аст ҳама хайру шар,
Майли бадӣ сӯи накӯӣ бибар.
Нек шавад то ки саранҷоми мо,
Фирқаи ноҷия бувад номи мо.
Ситоиш мар Офаридгорро, ки бо қалам моро омӯзонд, то омӯхтем ва нодонистаҳоро дононд, то андӯхтем, пас устоди нахустин дар дабистони азал Ӯст, ки моро ҷое аз фариштагон боло бурд, ки эшон “номҳо” надонистанд ва мо донистем ва “бале” гуфтему паймони ошноӣ бастем.
Чун аз он ҷаҳони бесӯву равшану беранг ба ин нашемани шашсӯву садранг омадем, он ҳама омӯхтаҳову андӯхтаҳо аз ёд бурун ҷаста ва он паймону фармонбариҳо дар ҳам шикаста..
Паёмбаронро гусел дошт, то он паймонҳоро дар намод ва он донистаҳоро ба ёд оваранд.
Ҳар кӣ пазруфт растгор шуд ва ҳар кӣ рӯй бартофт дурӯяву дар ду ҷаҳон шармсор.
Пас дуруду салом бар ҳама пайғомбарон, он сафирони Худо ва паёмоварон, ба вижа бар Муҳаммади баргузидаву мухтор ва бар фарзандону хонадони поку ёрони ҷоннисор ва боз бар пайравонашон то рӯзи шумор!
Пас аз ин ситоишу ниёиш ман, ки хомакаши ин номаам бо худ чанде андешидаму суғрову кубро чидам, саранҷом ба ин фароварду натиҷа расидам ва ба дил устувор доштам, ки ба ҷои донишварону пажӯҳишгарон ба ин китоб тақриз бинвисам ва миъёру чаҳорчубу гирдонаи ин фанро бо пайравӣ аз ростӣ пос дорам ва ҳар чӣ ҳаст бе каму кост биёрам.
Агар гӯӣ худ навиштаи худ чун барсанҷӣ ва бо чӣ раҳнамуде ин раҳ ба поён барӣ?!
Гӯям, бо чандин чаку раҳнамову гувоҳон, ки моро дар ин ҳангом кумакёру дастгиранду ва мо аз пазируфтани онҳо ногузир. Яке ин ки ин навиштаҳо ва тарзи пешниҳоду баррасиву барсанҷиву пажӯҳиш рӯи бештари аз пурсванду мавзуъоту ҷусторҳо наванду ногуфта ва паёму фармудаҳои аз ин пеш расидаву вале ношунуфта, ки ин ҳамаро овардаму гуфтам, пас ба души дигарон ин заҳмат чун бигзораму бори худ бар ҳамраҳон чун биспорам?!
Дигар ин ки густара ва паҳнои ин навиштаҳо фаротар аз марзу буми худист ва на дар басту банди обу гилу рангу бӯи нажоду табору кибудиву чибудӣ.
Зеро, ошуфтагиҳову парешониҳо ин ҳангом бештари аз ин курраи хокиро фаро гирифта аст, пас:
Ҳар кас, ки варо дар ин замона ғам нест,
Ё одам нест, ё аз ин олам нест.
Бо ин андеша ба худ гуфтам, биё аз ҳамандӯҳону ҳамдардони мардумони ҷаҳон бошем, ки ҳамагӣ нашеман дар як саёраи хурдаке бо номи замин дорем ва ҳама бо ҳам ҳамзаминем!
Ва боз худро гӯшзад бинмудам, ки он чи мегӯӣ барои пазириши дигарон устувораш бинмо ва ҳар чӣ аз ту мепурсанд, бо санаду гувоҳон аз дарбастаҳову печидаҳову торикиҳо, равзанаҳои рӯшаноӣ ба рӯшон бикшо, ин ҳамаро ки пазруфтам, пас, посухгӯе бар ин ҳама ҷуз банда касе набошад, дигар бигӯ ба дигарон чуншон во гузорам ?!
Сипас бо ин майлу оҳанг бархостаму камари ҳиммат бастаму худро ба Худои тавоно биспурдаму чашмдори бахшишу карамаш будам ва аз дил ё Ҳу бар кашидам!
Калидвожаҳо: Китоби Ислох ва бознигари, Мухаммади Навид, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
